Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт сафар намуд

Февраль 10, 2022 09:52

ДУШАНБЕ, 10.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сафари гурӯҳи кории ҳукуматӣ таҳти  роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт оғоз гардид. Ба ҳайати гурӯҳи  мазкур роҳбарияти вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш шомиланд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат.

Гурӯҳи корӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъу ҳолат ва фаъолияти муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, таълимӣ, тандурустию солимгардонӣ, қасру хонаҳои фарҳанг, китобхонаю осорхона, мактабҳои санъату мусиқӣ, мактаб-интернатҳо, инчунин, муассисаҳои нав сохташаванда дидан намуда, барои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти онҳо тавсияву дастурҳои мушаххас манзур менамоянд.

Сафари хизматии гурӯҳи корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт идома меёбад.

 

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 10, 2022 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид