Хадамоти иҷро: Соли 2021 ба андозаи 21 млн 507 ҳазор сомонӣ маблағи алимент ба манфиати модару кӯдак ситонида шудааст

Февраль 4, 2022 14:30

ДУШАНБЕ, 04.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо дарназардошти рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳуҷҷатҳои иҷро сол то сол тамоюли зиёдшавӣ доранд. Дар давраи ҳисоботӣ  аз ҷониби роҳбарияти хадамот фаъолияти иҷрочиён пурзӯр карда шуда, бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ иҷрои воқеии  37 303 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 195 млн 600 ҳазор сомонӣ барзиёд иҷро гардид Ин матлабро сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода дар нишасти матбуотии ниҳоди мазкур баён дошт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли сипаригардида ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  13 ҳазору 137 истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардид, ки назар ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 1983 истеҳсолоти иҷро зиёд мебошад. Соли 2021   21  млн  507 ҳазор  сомонӣ маблағи алимент ба манфиати модару кӯдак ситонида шудааст.

Зикр гардид, ки бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбат ба 410 нафар қарздорон тибқи талаботи моддаи 177 Кодекси ҷиноятии ҶумҳурииТоҷикистон бо пешниҳоди иҷрочиён парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд. Ва нисбат ба 479 нафар қарздорон бо пешниҳоди иҷрочиён барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон кофтуков эълон шудааст.

Дар бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронии Хадамот, ки он бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил карда шудааст, айни ҳол 3 471 шахсони воқеӣ ва 184 шахсони ҳуқуқӣ ворид карда шуданд.

Бо дастрасии моддаи 421 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 2 285 нафар қарздорон маҳдудият гузошта шудааст, ки назар ба соли 2020  1949 нафар зиёд мебошад. Амали мазкур натиҷаҳои мусбат дода, 49 нафар қарздорон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дастгир гардида, маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми зиёда аз 487  710 сомонӣ аз онҳо ситонида шуданд.

Хадамот бо намояндагони барномаи «Мусоидат ба волоияти қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-и ҷамъияти хамкории байналмилалии Олмон (GIZ) ҳамкории судманд ба роҳ монда, бо Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонидааст.

Инчунин дар доираи конвенсияҳои қабулгардида бо Хадамоти Федералии приставҳои судии Федератсияи Русия, мақомоти иҷрои ҷумҳуриҳои Беларус, Арманистон ва дигар кишварҳои минтақа дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷрибаро роҳандозӣ менамояд.

АКСҲО: АМИТ “Ховар”

Февраль 4, 2022 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд