Имрӯз дар Пекин эстафетаи машъали Бозиҳои зимистонаи 2022 оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 02.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Эстафетаи машъали Бозиҳои зимистонаи соли 2022 рӯзи чоршанбе дар Пекин оғоз гардид. Маросими тантанавӣ дар боғи олимпӣ, воқеъ дар шимоли пойтахти Чин баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз пойтахти кишвари Чин.
Эстафета соати 09:16 ба вақти маҳаллӣ (06:16 ба вақти Душанбе) оғоз ёфт. «Оғози эстафетаи машъали Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022-ро эълон менамоям»,- гуфт муовини аввали Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Хан Чжэн дар маросим.
Бар асари пандемия масир ва давомнокии эстафета ба таври назаррас коҳиш ёфт. Ба хотири пешгирии хатари паҳншавии коронавирус эстафета бидуни тамошобин доир мегардад. Ба ғайр аз ин саҳнаҳои он аз кӯчаву ноҳияҳои серодам дур воқеъ гардидаанд. Эстафета 12 марҳилаи калидӣ дар се кластери мусобиқаҳои олимпиро дар бар мегирад: дар Пекин ва дар шаҳри Чжантсзякоу барои интиқоли оташи олимпӣ панҷ минтақа ҷудо карда шудааст, дутои дигар дар шаҳри Янтсин ҷойгиранд.
Ёздаҳ марҳилаи эстафета берун аз «системаи занҷираи пӯшида» — «ҳубоби» олимпӣ, ки дар дохили он ҳамаи намояндагиҳои хориҷӣ зиндагӣ мекунанд, ҷойгир буда, дар он иншооти варзишӣ ва деҳаҳои олимпӣ низ воқеъ гардидаанд. Марҳилаи охирин- эстафетаи 12-ум аллакай дар дохили ҳубоб мегузарад: 4 феврал машъал ба Пекин бармегардад ва ба Боғи олимпӣ, ки дар ҳудуди он Варзишгоҳи миллии «Лонаи паранда» ҷойгир аст, мерасад ва маросими кушодашавии спартакиада барпо мегардад.
Дар рӯзи нахустини эстафета — 2 феврал — машъал аз Боғи олимпии Пекин, аз он қисмате, ки берун аз «ҳубоб» аст, дидан мекунад. Пас аз хӯроки нисфирӯзӣ оташ ба Боғи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар ғарби шаҳр хоҳад расид.
Дар эстафета дар маҷмӯъ ҳудуди 1200 машъалбардори аз 14 то 86-сола ширкат мекунанд. Илова бар ин, дар он намояндагони ҳудуди 20 кишвар ва дигар минтақаҳои ҷаҳон ширкат хоҳанд кард. Бори аввал дар таърих на танҳо одамон, балки мошинҳо низ барои гузаронидани машъал ҷалб карда мешаванд: роботҳои амфибӣ оташро аз зери дарёи Юндин мегузаронанд, дар қисмати Боғи саноатии Шоуган (қисмати Боғи зимистонаи олимпӣ) воситаҳои нақлиётии бесарнишин ҷалб карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 дар Пекин аз 4 то 20 феврал баргузор мешаванд. Дар доираи мусобиқот 109 маҷмӯи медалҳо ба ғолибон тақдим мешаванд. Маросими ифтитоҳи бозиҳо рӯзи ҷумъаи 4 феврал соати 20.00 ба вақти маҳаллӣ (17.00 ба вақти Душанбе) дар назар аст.
АКС: АИ «Синхуа»








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт






