ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СТОМАТОЛОГҲО. Нафаре, ки дандони солим дорад, ниме аз хушбахтиро дарёфт кардааст

Февраль 9, 2022 11:10

ДУШАНБЕ, 09.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дандонҳои ҷилодор зебоии сурат ва латофати ҳуснро фузунӣ мебахшанд. Агар касе соҳиби дандони солим бошад, мегӯянд, ки ниме аз хушбахтиро дарёфт кардааст, зеро аз як сӯ метавонад ба ҳусни худ зебоӣ бахшад ва аз сӯи дигар, саломатӣ ва дурахши ҷавониашро ҷилва диҳад.

Ҳамасола 9 феврал дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии стоматологҳо ҷашн гирифта мешавад. Ба таҳлили коршиносон, гирифторӣ ба бемории дандон рӯз то рӯз бештар мегардад. Таҷлили ин сана ба хотири эҳтироми мутахассисони соҳаи стоматология равона гардидааст.

Устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Саидшо Аюбов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки стоматология яке аз қадимтарин соҳаи тиб ба шумор меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи стоматология хеле рушд ёфта, усулҳои нави дандонгузорӣ ва табобати дандон роҳандозӣ шудаанд, ки ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Мавсуф стоматологияро чунин шарҳ дод: «Мафҳуми стоматология умумӣ буда, илмест ки ба тадқиқи дардҳои даҳон машғул аст ва мавқеи калони ҷоғу рӯйро дар бар мегирад. Табибони соҳаи стоматология дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино омода карда мешаванд. Бояд гуфт, ки имрӯз бештари мардум мафҳуми дандонпизишк ва стоматологро бо ҳам омезиш медиҳанд, аммо мафҳуми дандонпизишкӣ васеъ набуда,  танҳо мавқеи дандонро дар бар мегирад. Ин гурӯҳи мутахассисон дар коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ омода карда мешаванд ва ба онҳо танҳо барои тоза кардани дандонҳо иҷозат дода мешавад».

Ҳамасола Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро зиёда аз 120 нафар стоматолог хатм мекунанд. Соли равон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 134 нафар стоматологро барои бо ҷойи кор таъмин намудан дар минтақаҳои ҷумҳурӣ пешниҳод карданд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омода намудани мутахассисони соҳаи стоматология дар ҷойи назаррас қарор дорад. Мутахассисони омода намудаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар хориҷ аз мамлакат фаъолият намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил  мегарданд.

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷовид Зарипов, ки дар шаҳри Владимири Русия кор мекунад, аз ҷониби пойгоҳи Top Best Person миёни 200 довталаб беҳтарин стоматологи соли 2021 эълон шуда буд. Дар ин сабқат аз 200 давлати ҷаҳон стоматологҳо иштирок намуда буданд.

Бояд гуфт, ки ин  дуюмин ҷоизаи табиби ҷавони тоҷик Ҷовид Зарипов дар ин самт мебошад.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, пешгирии бемории дандон бояд аз батни модар оғоз гардад. Модари тифл бояд ғизоҳое истеъмол намояд, ки саршор аз витаминҳо, фтор, калсиюм ва фосфор бошанд, то тифли оянда соҳиби дандонҳои мустаҳкам ва ҷилодор, инчунин устухонҳои қавӣ гардад. Ин мавод дар дохили ширу панир, чормағз, сиру пиёз, моҳии баҳрӣ ва карам ба таври фаровон мавҷуданд. Сабабҳои бемориҳои дандон- ин пеш аз ҳама, сари вақт тоза накардан ва ба духтурон муроҷиат накардани беморон мебошад. Омилҳои дигари беморӣ бо дандон шикастани чизҳои сахт мебошад, ки ин сабаби паридани сири дандон шуда, ба бемориҳои кариеси дандон оварда мерасонад.

Саидшо Аюбов зикр намуд, ки дандон асосан аз устухони сахти сангмонанд иборат аст, ки дар забони лотинӣ онро «dens» меноманд. Қабати болоии дандон аз эмал ташкил шуда, қисми даруниаш аз маҳсулоти сементи биологӣ иборат мебошад.

Ба ҳисоби мутахассисон, муайян карда шудааст, ки 72 фоизи таркиби дандонро маводи ғайриорганикӣ ва 28 фоизашро маҳсулоти органикӣ ташкил менамоянд. Шумораи дандонҳои якумра 32-то буда, иборат аз 8 дандони пеш, 4 ашкдандон, 8-то пундонадандон, 8 дандони  курсӣ ва 4 дандони ақл аст. Шумораи дандонҳо ва намудҳои он ба хӯроку оби мехӯрда, гени инсон, боду ҳавои макон ва дигар омилҳо  вобаста бошад.  Дар ҳолатҳои ниҳоят кам шумораи ҷуфти дандонҳо фарқ мекунад.

Ҳамсуҳбати мо тавсия медиҳад, ки инсон дар як рӯз бояд ду маротиба: саҳар ва пеш аз хоб дандони худро шӯяд. Вақте ки инсон пеш аз хоб дандонҳои худро намешӯяд, хӯрокҳое, ки дар байни дандонҳо боқӣ мемонанд, бо таъсири бактерияҳои дар луоби даҳон мавҷуда ба кислотаи ширӣ табдил ёфта, боиси мулоим шудани сири дандон мегарданд. Дар ин вақт агар бемор сари вақт дандони кариесиро табобат накунад, дар оянда он метавонад ба бемории пулпит мубаддал гардад.

Пулпит беморие мебошад, ки дарди шадид ба вуҷуд оварда, дандон дар  гармиву хунукӣ эҳсоси дард пайдо мекунад. Агар бемории пулпит сари вақт табобат нашавад, он метавонад ба пародонтит  оварда расонад. Яъне, дар решаи дандон фасод пайдо шуда, табобати дандон дуру дароз мегардад.

Дар вақти бе дандон мондан инсон боз ба чандин бемориҳои дигар, ба монанди гастрит  ва бемориҳои   рӯдаю меъда, ки ба даҳон вобастагӣ доранд, гирифтор мешавад.

Беҳуда Абуабдулоҳи Рӯдакӣ дандонро чунин васф накардааст:

…Сапеду симрада буду дурру марҷон буд,

Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд…

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз манбаъҳои боз ва муаллиф

Февраль 9, 2022 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи ба такмили ихтисос фаро гирифтани табибони тоҷик дар Эрон баррасӣ гардид
Дар Душанбе масъалаи густариши ҳамкории судӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Барои пешгирии заҳролудшавӣ аз дуди ангишт қоидаҳои муҳими истифодаи онро бояд риоя намуд
Доктор Ҳала бинти Мазид Ат-Тувайҷирӣ: «Дар «Стратегияи дурнамои рушди Арабистони Саудӣ то соли 2030» ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷойгоҳи хос дорад»
Тавсеи ҳамкорӣ байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон такягоҳи адолат ва пояи устувори қонун аст
Пешвои миллат: «Фалсафаи ҷашни Меҳргон инсонҳоро ба адолатхоҳӣ, баробарӣ ва меҳрубонӣ ҳидоят мекунад»
Дар Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун доир мешавад
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Давҳа бо роҳбари ширкати қатарии «Jusour» мулоқот намуд
Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо шуъбаи ҷарроҳии бариатрикӣ ва герниологӣ пас аз таъмиру азнавсозӣ ба истифода дода шуд
Ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тақвият меёбад
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси шашуми вазирони меҳнати кишварҳои аъзои СҲИ иштирок намуд