Кишварҳои ИДМ имкони эътирофи мутақобилаи шаҳодатномаҳои эмгузаронӣ бар зидди COVID-19-ро меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 25.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 феврал дар қароргоҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи пешниҳодҳо вобаста ба шартҳо ва тартиби эътирофи шаҳодатномаҳо (ҳуҷҷатҳо) барои эмгузаронӣ бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд.
Дар ҷаласа намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ тавассути видеоконфронс ширкат доштанд.
Аъзои Гурӯҳи корӣ оид ба масъалаи эътирофи шаҳодатномаҳои эмгузаронӣ табодули афкор ва таҷриба намуданд. Намояндагони Арманистон, Беларус ва Молдова зикр карданд, ки онҳо шаҳодатномаи эмгузаронии кишварҳои дигарро бидуни бастани ягон созишнома эътироф менамоянд.
Аъзои Гурӯҳи корӣ тазаккур доданд, ки давлатҳо дар самти эътирофи шаҳодатномаҳои эмгузаронӣ дар шакли дуҷониба, аз ҷумла табодули нотаҳои шифоҳӣ корбарӣ доранд.
Иштирокчиёни ҷаласа истифодаи замимаи мобилии «Сафар бидуни COVID-19»-ро ҳамчун василаи татбиқи амалии расмиёти эътирофи шаҳодатномаҳои эмгузаронӣ тарафдорӣ карданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки омӯзиши имкони эътирофи мутақобилаи шаҳодатномаҳои эмгузаронӣ дар асоси равиши мувофиқа идома дода шавад.
Қарор аст ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ моҳи апрел баргузор гардад.
АКС аз бойгонӣ








Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: сироятёбӣ аз COVID-19 дар ҷаҳон 4 фоиз афзоиш ёфт
Чин санҷишҳои COVID-19-ро пеш аз ворид шудан ба давлат бекор менамояд
Дар Испания беш аз 120 ҳолати сирояти шакли нави коронавирус ошкор гардид
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ: ҳолатҳои нави сирояти COVID — 19 дар ҷаҳон дар як моҳи охир 80% афзоиш ёфтааст
Дар Ҳиндустон штамми нави коронавирус ошкор гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи коҳиш ёфтани ҳолатҳои фавт бар асари COVID-19 дар саросари ҷаҳон хабар дод
Хоби солим сеяки хатари аломати баъдиковидиро коҳиш медиҳад
СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд
COVID-19. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз анҷом ёфтани пандемияи коронавирус хабар дод
Роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳори боварӣ намуд, ки пандемияи COVID-19 соли 2023 ниҳоят ба анҷом мерасад
Ба Тоҷикистон соли 2022 зиёда аз 10 миллион воя ваксина ворид карда шуд






