Болоравии нархномаи хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ дар назар нест

Февраль 12, 2022 09:05

ДУШАНБЕ, 12.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имсол баландшавии  нархномаи хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ, рафъи партовобҳо, чарогоҳҳо ва полезӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилии коммуналӣ» дар назар нест. Дар ин бора директори генералии корхона Усмон Давлатзода 11 феврал зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Ба иттилои мавсуф, нархномаи хизматрасонӣ дар асоси фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.08.2018 аз 1 октябри соли 2018 дар амал ҷорӣ шуда, то ҳол тибқи он иҷро карда мешавад. Ҳоло барои тағйир додани ин нархнома аз ҷониби корхона пешниҳод нашудааст ва он имсол низ дар назар нест.

Иттилоъ дода шуд, ки соли сипаригардида кормандони корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», воқеъ дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ ба истифодабарандагон ба маблағи 196 млн. 627,1 ҳазор сомонӣ хизматҳои гуногуни коммуналӣ расониданд, ки нисбат ба соли 2020 14 млн 760 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 108 фоизро ташкил медиҳад.

Дар акс нархномаи хизматрасониҳое нишон дода шудааст, ки аз соли 2018 инҷониб амал мекунад.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар» ва сомонаи www.khmk.tj

Февраль 12, 2022 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд