Маҳмадумар Асозода сабабҳои асосии талафоти сатҳи баланди ШСХК «Барқи тоҷик»-ро номбар намуд

Февраль 15, 2022 10:13

ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Талафоти неруи барқ ​​дар шабакаҳои тақсимот моҳи январ ба 43,52 фоиз баробар шуд, ки ин 690,5 миллион киловатт/соатро ташкил медиҳад. Дар ин бора 14 феврал  раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Маҳмадумар Асозода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба андешаи ӯ, дар сатҳи баланд қарор доштани талафот — гардиши нопурраи қувваи барқ миёни муштариён, таъхири дуру дароз дар сабти нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳо, саривақт омода ва пешниҳод нашудани ҳисоботҳои зарурӣ, дар сатҳи паст қарор доштани интизоми меҳнат дар байни нозирон ва назоратчиёни барқ, назорати ниҳоят суст аз ҳаҷми барқи қабулшуда ва истифодабарии самараноки он ба шумор мераванд.

«Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ва пурра иҷро гардидани барномаи ҳисоббарор талафоти қувваи барқ моҳ ба моҳ кам мешавад. айни ҳол дар шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳру ноҳияҳо ҳисоби масрафи неруи барқ, маблағи ҳисобшуда ва пардохтшуда тавассути барномаҳои биллингии аз тарафи ширкатҳои ватанӣ тарҳрезигардида (Express Client, Smart billing ва ZTE) ба роҳ монда мешавад», — афзуд директори Ширкат.

Маҳмадумар Асозода зикр намуд, ки дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе давоми ду сол 125 ҳазор муштарӣ ба низоми биллингӣ барои пардохти ҳаққи неруи барқ ​​гузаронида мешаванд. То имрӯз 34 ҳазор муштарӣ ба ин низом гузаронида шудаанд. Пас аз ноҳияи Сино низоми биллингӣ дар се ноҳияи дигари шаҳри Душанбе тадриҷан ҷорӣ карда мешавад.

«Бо мақсади шаффоф ба роҳ мондани кори назоратчиёни барқ ирсоли СМС- паёмакҳо бо муштариён ба роҳ монда шуда, муштариён тавассути паёмакҳо оиди ба масрафи ҳисобшудаи неруи барқ маблағи ҳисобшуда ва пардохтшуда ва муҳлати пардохт ва қатъ намудани неруи барқ огоҳ карда мешавад», — изҳор дошт роҳбари ШСХК «Барқи тоҷик».

Ёдовар мешавем, ки  Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа 31 январи соли сипаригардида дар нишасти матбуотии вазорат ҳадафи асосии ҷорӣ намудани СМС-паёмакро шаффофият дар ҳисобу китоби дақиқи энергияи барқ унвон кард.

«Айни замон дар асоси технологияи муосири (барномаи билингии) дар соҳа ҷоригардида ирсоли СМС–паёмак ба муштариён оид ба маълумоти нишондиҳандаҳои ҳисобкунак, сарфи энергияи барқ, ҳисоби маблағи барқи истифодашуда, пардохти он ва бақия баъди сабти электронӣ ва ё баъди пардохти маблағ роҳандозӣ карда шуд, ки ҳадаф аз он шаффофият дар ҳисобу китоби дақиқи энергияи барқ ба ҳисоб меравад. Дар натиҷа сатҳи хизматрасонӣ ба муштариён баланд бардошта шуда, вазорат айни замон дар якҷоягӣ бо ҷамъиятҳои шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ барои дар тамоми қаламрави кишвар ҷорӣ намудани низоми электронии идоракунии истифодаи энергияи барқ тавассути истифодаи технологияи муосир корҳоро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст», — афзуда буд Д. Ҷумъа.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2022 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси дуюми ҷаҳонӣ оид ба истифодаи маълумот барои таҳкими чораҳои зиддикоррупсионӣ иштирок намуд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия ҳамоиши идона доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру» созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд
Доир ба Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон брифинг баргузор шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи бартарафсозии омилҳои коррупсионӣ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ёвон кишти картошкаи барвақтӣ оғоз гардид
100-сомонии ҷашнии Тоҷикистон беҳтарин банкнотаи ҷашнии соли 2025 дониста шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самтҳои афзалиятнок рушд меёбад
Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон баргузор мешавад
Оид ба омодагӣ ба Форуми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон брифинг доир мешавад
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ва Созмони нақшабардории Эрон ҳамкориро дар соҳаҳои заминсозӣ тақвият медиҳанд
Дар доираи лоиҳаи «Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ» ҷаласа баргузор гардид