Мавсума Муинӣ: «Дар панҷ соли оянда дар шаҳри Бӯстон 20 адад корхонаҳои нави саноатӣ ба кор андохта мешаванд»
ДУШАНБЕ, 16.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 дар шаҳри Бӯстон 4 адад корхонаҳои нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ба истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ, шиферҳои азбестӣ, пойафзол ва гӯшти паранда машғул мебошанд. Дар ин давра дар шаҳр зиёда аз 900 адад ҷойҳои нави корӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ таъсис дода шудааст.Дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» дар шаҳр пас аз ба кор андохтани 20 адад корхонаҳои нави саноатӣ 400 нафар ба ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.
Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ 15 феврал зимни нишасти матбуотӣ оид ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар соли 2021 хабар дод.
«Соли сипаришуда аз ҷониби 36 адад корхонаҳои саноатии шаҳр новобаста аз шакли моликият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 573,5 млн. сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 111 фоизро (57,2 млн. сомонӣ зиёд) ташкил медиҳад,» — афзуд Мавсума Муинӣ.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ҳамчунин иттилоъ дод, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр 5 муассиса дар соҳаи маориф, 6 муассиса дар соҳаи тандурустӣ, 2 адад манзили истиқоматӣ, 5 корхонаи саноатӣ, 1 бинои бахши ҳифзи муҳити зист, 1 кошонаи ҳусн, 8 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 4 майдончаи варзишӣ таъмиру навсозӣ ва сохтаву мавриди истифода қарор дода шудаанд.
«Айни замон дар ҳудуди шаҳр сохтмони 9 адад биноҳои на кам аз панҷошёнаи истиқоматӣ, маркази хизматрасонии маишӣ, меҳмонхонаи ҳафтошёна ва бинои маъмурии филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром ҷараён дошта, бо мақсади таъмин намудани бехатарии ҳаракати роҳҳои мошингарди кӯчаҳои шаҳр аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 23,8 километр роҳҳо таъмири ҷорӣ ва асосӣ шуданд, ки 118,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад,» — илова кард номбурда.
Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ, яке аз вазифаҳои асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон маҳсуб шуда, имрӯзҳо дар шаҳр иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 бо маром идома дорад.
Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд






