Мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ дар соли 2022 Будапешт интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 13.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар Будапешт Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ баргузор мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин бора Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) иттиллоъ додааст.
Президенти FINA Ҳусайн Ал-Мусаллам бо сарвазири Маҷористон Виктор Орбан мулоқот карда, дар бораи баргузории ин чорабинӣ дар моҳҳои июн ва июл ба мувофиқа расиданд.
Акнун ҳоло дар ҳар чор соли оянда Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ ба нақша гирифта шудааст.
Фукуока дар Ҷопон бояд имсол ин чорабиниро баргузор мекард, аммо бо назардошти бӯҳрони коронавирус дархост кард, ки он то моҳи июли соли 2023 ба таъхир гузошта шавад.
Доҳаи Қатар бояд Чемпионати ҷаҳонии варзишҳои обиро дар моҳи январи соли 2024 баргузор кунад ва дар Қазони Русия ин чорабинӣ соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.
Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ барои пойтахти Маҷористон бегона нест. Ин шаҳр соли 2017 мизбони ин мусобиқа буд. Будапешт, инчунин бояд дар соли 2027 барои мизбонии ин чорабинӣ дархост пешниҳод кунад.
АКС: КМО Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






