Муҳаммадюсуф Имомзода: «Соли 2021 беш аз 4 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил шуданд»
ДУШАНБЕ, 3.02.2022. /АМИТ «Ховар». «Дар соли таҳсили 2020-2021 ба 27 муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4803 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дохил шуданд. Ҳоло дар донишгоҳҳои Тоҷикистон 13 ҳазору 930 донишҷӯи хориҷӣ аз 14 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд», — иттилоъ дод Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи ӯ, таваҷҷуҳи шаҳрвандони хориҷӣ ба таҳсил дар макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол афзоиш меёбад.
«Аз январи соли 2021 дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон квота ҷудо карда шудааст: Федератсияи Русия – 630, Қазоқистон – 50, Қирғизистон – 50, Беларус – 8, Украина — 20, Озарбойчон — 4. Дар воситаҳои ахбори оммавӣ оид ба маъракаҳои квотаҳо маълумот ҷой дода шуд, имтиҳонҳои қабул дар марказҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баргузор гардиданд. Илова бар ин, соли гузашта Ҷопон, Полша ва Ҷумҳурии Корея барои хизматчиёни давлатӣ идрорпулӣ ҷудо карданд», — гуфт Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ.
Дар соли ҳисоботӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ бо Туркманистон, Узбекистон, Чин, Русия, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Корея, Ҷопон, Австрия, Олмон Украина, Гурҷистон, Туркия, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва Фаронса иштирок намуданд.
«Яке аз дастовардҳои Вазорати маориф ва илм дар сатҳи ҷаҳонӣ ин аст, ки соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи гранти озмоишии Барномаи шарикии глобалӣ оид ба маориф (GPE) миёни 76 кишвари ҷаҳон интихоб гардид. Ин грантҳо ба кишварҳое дода мешаванд, ки барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ нақшаи мушаххаси стратегӣ доранд. Ҳамзамон роҳбарияти ин созмон Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайати роҳбарияти шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф пешниҳод намуданд, ки ҳоло мавсуф ин барномаро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ намояндагӣ мекунад. Ин нишонаи эътимод ба низоми маорифи Тоҷикистон мебошад»,- зикр намуд Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд






