Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дуюми санҷишӣ дар Туркия бар дастаи Дания ғолиб омад

Февраль 18, 2022 11:17

ДУШАНБЕ, 18.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар бозии дуюми санҷишӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия дастаи ҷавонони то 20-солаи «Фремад Амагер»-и Данияро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ин бозии санҷишӣ дар маҷмааи варзишии «Титаник»-и шаҳри Қадрия доир гардид. Голҳои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро Асадбек Зиёзод ва Абдулло Шарипов ба нишон расониданд.

Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев, ки ин бозиро низ бо ду ҳайати мухталиф баргузор намуд, ҳамаи бозингарони дар ихтиёри даста бударо озмоиш кард.

Ёдовар мешавем, ки бозии аввали санҷишии футболбозони ҷавони тоҷик дар Туркия бо дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи «Ворскла»и Украина бо ҳисоби мусовӣ- 0:0 анҷом ёфта буд.

 

Бозии санҷишӣ

Тоҷикистон (U-20) – «Фремад Амагер» (Дания, U-20) – 2:1

Голҳои Тоҷикистон: Асадбек Зиёзода, Абдулло Шарипов.

Тоҷикистон (U-20): Сафармад Ғаффоров (Суҳробхуҷа Юсупов, 68), Раҳматшо Раҳматзода (Содиқҷон Қурбонов, 64), Фахриддин Аҳтамов (Рузимуҳаммад Абдураҳмонов, 57), Меҳрубон Каримов (Меҳрубони Абдурауф, 46), Асадбек Зиёзода (Шаҳриёри Иноятулло, 46), Меҳроб Асоев (Фатҳулло Олимзода, 46), Азизбек Ҳаитов (Ҳамзаҷон Аҳтамов, 46), Кабир Салимшоев (Азизбек Далиев, 46), Алиҷони Айнӣ (Аббос Андалебов, 64), Ҳамадонӣ Камолов (Абдулло Шарипов, 64), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Хуршед Давлатзода, 46, Суннатулло Азизов, 72).

16 феврал. Қадрия, Туркия. Варзишгоҳи «Титаник».

Бозиҳои боқимондаи санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомад дар Туркия:

 19 феврал (шанбе)

Тоҷикистон (U-20) – «Криля Советов» (Русия, U-20)

22 феврал (сешанбе)

Тоҷикистон (U-20) – Туркия (U-20)

 

АКС: ФФТ

Февраль 18, 2022 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд