Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати соҳаи кишоварзии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Шаҳринав шинос шуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 феврал баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ҳамроҳ бо раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ҷиҳати шиносоӣ бо ҳолати соҳаи кишоварзии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба ноҳияи Шаҳринав рафт, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав.
Зимни боздид муовини Сарвазири мамлакатро раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Акрамзода истиқбол намуданд.
Сулаймон Зиёзода нахуст ба пойгоҳи обкашии «Қаратоғ» рафта, бо вазъ ва иқтидори кории ин пойгоҳ шинос шуд ва ҷиҳати ҳалли мушкилот ва барқарор намудани иқтидори аввалаи кории пойгоҳ ба масъулин супориш дод.


Ҳамзамон муовини Сарвазири мамлакат дар кишти картошкаи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии «Талбак Сафаров» иштирок намуда, аз фаъолияти гармхонаи парвариши помидор дар хоҷагии деҳқонии «Ҳақризо», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов дидан намуд.
Сулаймон Зиёзода зимни сафари корӣ аз минтақаи Долони Ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов дидан намуда, бо ҷараёни кишти ғалладонагиҳои барвақтӣ дар талу теппаҳо аз наздик шинос шуд. Дар аснои бозгашт Сулаймон Зиёзода ба корхонаи ҶСП «Парандапарварӣ»-и ноҳия рафта, аз фаъолият ва иқтидори ин корхонаи истеҳсолӣ боздид намуд.
Зимни мулоқот муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакатро ба ҳозирин расонида, зикр намуд, ки баҳри истиқболи сазовори 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёду барқарорсозии корхонаю коргоҳҳои хурди саноатӣ саъю талош намоем.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав











Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст






