«МУТОБИҚШАВӢ БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ». Дар Тоҷикистон таҳти чунин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ эълон гардид

Февраль 21, 2022 10:36

ДУШАНБЕ, 21.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳо 2018-2028», «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Соли 2025 — Соли ҳифзи пиряхҳо», «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», инчунин «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040 Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссияи экологии палатаи поёнии Парлумони мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» эълон менамоянд.

Тавре дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар озмун гурӯҳҳои эҷодӣ, журналистон, коршиносон, мутахассисон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карда метавонанд.

Асару мақолаҳо бояд мавзӯъҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва маърифати экологиро инъикос намоянд.

Асарҳо, видеороликҳои ба озмун пешниҳодшаванда метавонанд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода карда шаванд.

Асарҳо, мақолаҳо, филмҳои мустанад ва видеороликҳои тарғиботӣ оид ба мавзӯъҳои озмун пешниҳодгардида бояд тавассути рӯзномаю маҷаллаҳо, радио ва телевизион, шабакаи Интернет ба оммаи васеъ дастрас шуда бошанд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 21, 2022 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд