Нақшаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии Тоҷикистон то соли 2030 пурра амалӣ мегардад

Февраль 11, 2022 14:02

ДУШАНБЕ, 11.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соли сипаригардида 67,1 фисади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо оби нӯшокӣ таъмин намуда, ният дорад то соли 2030 аҳолии кишварро пурра бо оби нӯшокӣ таъмин намояд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба доираи васеи рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд.

Директори генералии корхона Усмон Давлатзода гуфт, ки дар ҷамъбасти соли сипаригардида ба истифодабарандагон ба миқдори 52 млн. 369 ҳазор метри мукааб оби нӯшокӣ дастрас гардида, 21 млн. 793,6 ҳазор метри мукааб партовобҳои онҳо бароварда шуд.

Зикр карда шуд, ки бо кумаку дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии иншооти соҳа, аз ҷумла барқарорсозии системаи обтаъминкунию канализатсияи шаҳру ноҳияҳо сармояи институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ҷалб гардида, дар доираи татбиқи се лоиҳаи инвеститсионии амалишаванда, аз ҷумла Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Хатлон», «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимол», «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимол-2» ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои мазкур корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» аз ҷумлаи тадбирҳое мебошад, ки дар доираи ташаббусҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз ҷониби СММ эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028  амалӣ шуда истодааст.

Иттилоъ дода шуд, ки бо пайгирии ин ташаббус айни замон зери сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамоҳангсозӣ бо Бонки ҷаҳонӣ Маркази идораи Лоиҳаи рушди инфрасохтори  маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот»-ро ба маблағи 58 млн. доллари ИМА (грант) татбиқ менамояд.

Мақсади асосии татбиқи лоиҳаи мазкур ба беҳтарсозии вазъи воқеӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар деҳоти ҷумҳурӣ нигаронида шуда, татбиқи он асосан дар ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Ҷ.Балхӣ, Левакант, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Восеъ ба нақша гирифа шудааст.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2022 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд