Намояндагони Тоҷикистон дар Конференсияи мубоҳисавии Клуби байналмилалии «Валдай» дар мавзӯи амният ширкат мекунанд
ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 феврал маҳфили мубоҳисавии клуби байналмилалии «Валдай» бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Русия конференсияро дар мавзӯи «Амнияти дастҷамъӣ дар давраи нав: таҷриба ва дурнамои СААД» баргузор мекунад. Чорабинӣ дар шакли кушода барои ВАО дар клуби «Валдай», воқеъ дар шаҳри Москва, кӯчаи «Светной булвар», 16/1 баргузор мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар сомонаи клуб ru.valdaiclub.com иттилоъ дода шудааст.
Аввали моҳи январи соли равон СААД нахустин амалиёти посдори сулҳро дар таърихи мавҷудияташ ба унвони посух ба талош барои ноором кардани вазъ дар Қазоқистон анҷом дод. Аз сохторе, ки фаъолияташ дар сӣ сол қариб нонамоён буд, СААД ба механизми таъсиррасон ва муассири таъмини амният табдил ёфт. Ба гуфтаи Президенти Русия Владимир Путин, “механизми СААД фаъол гардид”. Дар нишасти онлайнии СААД, ки 10 январ дар пасманзари ҳаводиси Қазоқистон баргузор шуд, раҳбарони кишварҳои узви ин созмон — Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон аҳамияти СААД-ро дар шароити кунунӣ эътироф намуда, доир ба роҳҳои мустаҳкам намудани ташкилот пешниҳодоти судманд ироа намуданд.
Имрӯз, тақрибан як моҳ пас аз амалиёт дар Қазоқистон, дар назди кишварҳои СААД вазифаи дарки ҳодисаи рухдода ва таҳияи дақиқи он чиз меистад, ки минбаъд созмон ба кадом самт бояд рушд кунад.
Ҳамин тариқ, конференсияи дарпешистодаи маҳфили «Валдай» воқеан идомаи суҳбате хоҳад шуд, ки сарони давлатҳои аъзои ин созмон моҳи январ оғоз карда буданд. Дар чорабинӣ дабири кулли СААД Станислав Зас, сардори ситоди муштараки СААД, генерал-полковник Анатолий Сидоров ва директори барномаҳои мубоҳисавии байналмилалии клуби «Валдай» Тимофей Бордачев иштирок мекунанд. Миёни иштирокдорон намояндагони Тоҷикистон: муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ, Дабири кулли СҲШ дар солҳои 2016-2018 Рашид Олимов ва директори Маркази тоҷикистонӣ оид ба омӯзиши Осиёи Марказӣ ва Чин Худобердӣ Холиқназар низ хоҳанд буд.
ДАР АКС: Рашид Олимов дар ҷаласаи клуби байналмилалии «Валдай» дар Самарқанд моҳи ноябри соли 2019. АКС: Sputnik / Юрий Корсунтсев








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






