ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 6-7 феврал дар Тоҷикистон вазъи номусоиди ҳаво дар назар аст
ДУШАНБЕ, 05.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6-7 феврал дар ҷумҳурӣ якбора вазъи ҳаво номусоид шуда, бориши борон ва барф ба амал меояд. 6 феврал ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ноҳияҳои водигӣ то 8-10 дараҷа паст мешавад. 5-6 феврал дар ноҳияҳои алоҳида шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония меафзояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
6-8 феврал дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Инчунин дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шоҳроҳҳои Душанбе-Чанок, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб, Хоруғ-Ҷилондӣ яхбандӣ ва фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат ҳушдор медиҳад, ки дар натиҷаи боридани барф ва шамол ба симу дарахтон часпидани барф ва дар роҳҳои кӯҳӣ тӯдашавии барф дар назар аст.
Кумита ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ бидуни зарурати таъҷилӣ маҳдуд намуда, аз корҳои кишоварзӣ, чарогоҳ, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ намуда, ҳангоми истифодаи гармкунакҳо қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намоянд.
Инчунин тавсия дода мешавад, ки ҳангоми гарм кардани хона қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя кунанд.
Кумита аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки дар навбати аввал аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати нақлиёт маълумоти пурра ва боэътимодро дар бораи ҳолати роҳ ҷамъоварӣ намуда, сипас ба сафар намоянд.
Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки дар шароити бориши барфу яхбандӣ нақлиётро бо воситаҳои барои чунин шароит зарурӣ таъмин намуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ҳангоми гузаштан аз қитъаҳои дорои хатари тармафароӣ масофаи байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.
Ҳангоми дар кӯчаҳо ҳаракат кардан ҳам хеле боэҳтиёт будан зарур аст, зеро ҳолати шикастани дарахтон ва кандани хатҳои баландшиддати барқ дар назар аст.
АКС аз бойгонӣ








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






