«ҶОМИ РУШД-2022». Бозии сеюми футболбозони навраси тоҷик бо дастаи «Динамо-Минск» мусовӣ анҷом ёфт

Февраль 11, 2022 09:42

ДУШАНБЕ, 11.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бозии сеюми дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид  ба футбол дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2022», ки дар  шаҳри  Мински Беларус идома  дорад, бо дастаи «Динамо-Минск» доир шуда, бо ҳисоби мусовии 2-2 анҷом ёфт, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон. 

Дар ин бозии ҷолиб голҳои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро Масрур Ғафуров  ба ҳадаф расонид. Мавриди зикр аст, ки чанд рӯз пеш дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи    Тоҷикистон оид ба футбол  бозии аввалинашро бо  дастаи мунтахаби  наврасони  Молдова бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима дода буд. Дар ҳайати  дастаи мунтахаби  наврасони Тоҷикистон як голро Масрур Ғафуров ба нишон  расонида, як голи дигарро молдовиҳо ба дарвозаи худ заданд.

Дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Минск даҳ даста ширкат мекунанд, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Дастаи мунтахаби наврасони  Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои  мунтахаби  наврасони «Беларус», «Қирғизистон», «Молдова»  ва   «Динамо-Минск» миёни  ҳам рақобат мекунад. Дар гурӯҳи «Б» дастаҳои мунтахаби  наврасони то 17-солаи  «Беларус»,  «Узбекистон»,   «Гурҷистон», «Исроил»  ва   «Минск»   байни ҳам мубориза мебаранд.

Дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ дар як давр миёни ҳам бозӣ мекунанд. Баъдан ғолибони гурӯҳҳо дар даври ниҳоӣ барои Ҷоми чемпионӣ ва дастаҳое, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ талош меварзанд. Дастаҳои боқимонда бо дарназардошти ҷойҳои ишғолкардаашон дар гурӯҳҳо дар бозиҳои плей-офф ширкат хоҳанд кард.

 

АКС: ФФТ

Февраль 11, 2022 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд