Паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба самбо дар Минск соҳиби медали биринҷӣ гардид

Февраль 17, 2022 11:48

ДУШАНБЕ, 17.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Разавӣ Навбаҳоров дар мусобиқаи Ҷоми Аврупо оид ба самбо барои ҷоизаҳои Президенти Беларус, ки дар шаҳри Минск баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи  самбои Тоҷикистон.

Дар мусобиқаи Ҷоми Аврупо оид ба самбо қариб 150 варзишгар аз 11 кишвар – Арманистон, Беларус, Булғористон, Гурҷистон, Исроил, Қазоқистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Юнон  иштирок карданд.

Дар ин мусобиқаи ҷолиб  Ҷумҳурии Тоҷикистонро шаш варзишгар – ду нафар оид ба самбои варзишӣ ва чаҳор нафар оид ба самбои размӣ намояндагӣ карданд.  Аз байни шаш паҳлавони тоҷик танҳо Разавӣ Навбаҳоров медал ба даст овард. Ӯ дар сабқати самбои размӣ дар вазни то 79 кило мақоми сеюмро касб намуд ва соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Зимнан, дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби Русия бо касби 13 медали тилло, 4 нуқра ва 6 биринҷӣ дар ҳисоби ғайрирасмии умумидастаӣ мақоми аввалро касб кард. Дастаи мунтахаби Гурҷистон соҳиби ҷои дуюм ва дастаи мунтахаби Беларус соҳиби ҷои сеюм шуданд.

Мусобиқаи Ҷоми Аврупо оид ба самбо дар Минск барои самбочиёни тоҷик нахустин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими соли 2022 ба шумор меравад.

Ёдовар мешавем, ки Разавӣ Навбаҳорови 21-сола солҳои ахир дар якчанд мусобиқоти байналмилалӣ оид ба самбо ва самбои размӣ ширкат карда, дар рақобатҳо миёни наврасону ҷавонон ва бузургсолон муваффақ гаштааст. Чунончи, ӯ дар мусобиқаи байналмилалии самбо «Берлиниада – 2018»  дар шаҳри Берлини Олмон дар рақобатҳо дар вазни то 62 кило бо медали тилло сарфароз гашт.

Разавӣ Навбаҳоров соли 2018 дар Ҷоми ҷаҳонии самбо миёни донишҷӯён, ки дар шаҳри Новий Сади Сербия доир гардид, дар вазни то  57 кило бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Разавӣ Навбаҳоров соли 2019 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё, ки дар пойтахти Муғулистон шаҳри  -Улан-Батор баргузор шуд, дар вазни то  70 кило байни наврасон медали нуқра ба даст овард. Инчунин ҳамон сол вай дар мусобиқаи байналмилалии самбо миёни наврасон ба хотираи Алекс Неруш дар   Исроил дар вазни то  68 кило бар рақибонаш аз Латвия, Исроил ва Олмон ғолиб омада, соҳиби медали тилло гардида буд.

Хотиррасон мешавем, ки  мусобиқаи Ҷоми Аврупо оид ба самбо барои ҷоизаҳои Президенти Беларус 12-13 феврали соли 2022 дар шаҳри Минск баргузор шуд.

                                                                                         АКС: аз манбаъҳои боз

 

 

Февраль 17, 2022 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд