Пешсафон ва аъзои ҲХДТ дар Хатлон аз «Сафеддара» боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 60 нафар кормандони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба мавзеи таърихию сайёҳии “Сафеддара»-и ноҳияи Варзоб сафар намуданд, хабар доданд дар шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон.
Ин иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар заминаи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар асоси рейтинги ҳизбӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи кормандони ҳизбӣ дар вилояти Хатлон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, ки то ба имрӯз идома дорад.
Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мувофиқи нишондиҳандаҳои рейтинги ҳизбӣ пешсафонро ҳамчун василаи ҳавасмандгардонӣ ба мавзеъҳои таърихӣ ва минтақаҳои дорои табиати нотакрору сайёҳии кишвар пайваста сафарбар менамояд.
Ин навбат пешсафони ҳизб ба мавзеи тамошобобу саёҳии “Сафеддара”-и ноҳияи Варзоб рафта, аз манзараҳои зебо, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи барфпӯши ин мавзеи нотакрор дидан карда, як ҷаҳон таассуроти неку хотирмон бардоштанд.
АКС аз КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






