Шаҳрвандон ҳангоми бекорӣ чӣ кафолати иҷтимоӣ доранд? Посухи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Февраль 10, 2022 10:12

ДУШАНБЕ, 10.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрвандоне, ки ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат мекунанд, ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, дар ин ҳолат ба онҳо тибқи барномаҳои махсус кумакпулиҳо пардохт карда мешаванд.

Аслан ин гуна маблағҳо барои давраи бекорӣ ба шаҳрвандон бинобар ихтисор шудани ҷойи кор, тағйир ёфтани шароити меҳнат, азнавташкилдиҳӣ ё барҳамхӯрии корхонаҳо  пардохт карда мешаванд.

Дар робита ба саволи хабарнигори АМИТ Ховар дар мавриди он ки кумакпулӣ ба кадом табақаи аҳолӣ дода шуда, ҳаҷми он чӣ миқдор аст, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод чунин посух дод:

«Пардохти кумакпулӣ мувофиқи музди миёнаи меҳнати шаҳрвандони бекор дар ҷойи кори охирин зимни аз ташкилот озод шуданашон, инчунин ба шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои иҷрои ҷиноӣ ва табобати маҷбурӣ озод шудаанд, пешбинӣ гардидааст. Кумакпулӣ барои давраи бекорӣ дар ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақалли дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида пардохт карда мешавад».

Директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Бобохон Баротзода иброз дошт, ки соли 2021  21 ҳазор шаҳрвандон ба таври ройгон ба касб фаро гирифта шуда, ҳар моҳ ба онҳо 40 сомонӣ идрорпулӣ дода шуд.

Барои пардохти кумакпулӣ аз ҳисоби Вазорати молияи ҷумҳурӣ 8 миллион сомонӣ ба шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбии маҷбурӣ озод мешаванд, то се моҳ 1200 сомонӣ дода мешавад. Барои корҳои ҷамъиятӣ дар 1 моҳ аз тарафи агентӣ 200 сомонӣ ва аз тарафи корфармо 250 сомонӣ дода мешавад.

Инчунин зимни нишаст иттилоъ дода шуд, ки сатҳи бекорӣ дар ВМКБ 6%, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 2,9%, вилояти Суғд 1,9% ва дар вилояти Хатлон 2%-ро ташкил медиҳад.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2022 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид