Шермуҳаммад Шоҳиён масъалаи ҷинояткорӣ миёни наврасонро дар соли 2021 нигаронкунанда арзёбӣ намуд

Февраль 2, 2022 16:50

ДУШАНБЕ, 02.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён имрӯз зимни нишасти матбуотӣ масъалаи ҷинояткорӣ миёни наврасонро дар соли 2021 нигаронкунанда арзёбӣ намуд.

Ба гуфти Шермуҳаммад Шоҳиён, соли 2021 нисбат ба 433 нафар ноболиғон ҳукми айбдоркунӣ бароварда шудааст, ки дар соли 2020 ин шумора 382 ададро ташкил медод.

Ӯ иброз намуд, ки ро махсусан ба масъалаи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони хурдсол ва ноболиғон таваҷҷуҳи хеле ҷиддӣ зоҳир мекунад.

Зикр шуд, ки бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти падару модар ҷиҳати дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ таълиму тарбия намудани фарзандон судяҳо корҳои муайянеро амалӣ намуданд.

Шермуҳаммад Шоҳиён изҳор намуд, ки аз 13 302 адад парвандаҳои нисбат ба вайронкунандагони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба суд воридгардида, дар маҷмӯъ  ба 5327 нафар ҷазои огоҳӣ дода шуда, нисбат ба 6518 нафар ба маблағи умумии 1 116 275 сомонӣ ҷарима таъйин карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2022 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд