Соли 2021 ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 103 медали тилло ворид гардид

Февраль 11, 2022 15:20

ДУШАНБЕ, 11.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаришуда 966 нафар варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ дар хориҷ аз кишвар ва дохили мамлакат иштирок намуда, ба хазинаи варзишии мамлакат 398 медал ворид намуданд. Аз ин шумора 103 адади онро медали тилло ташкил медиҳад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ба хабарнигорон  баён дошт.

Тазаккур дода шуд, ки бо мақсади муаррифии варзиши тоҷик ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 966 нафар варзишгарони ҳайати дастаи мунтахаби мамлакат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, ҳамчунин 121 медали нуқра ва 174 биринҷӣ ба даст овардаанд.

Зикр шуд, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имконияти заруриро фароҳам овардааст.

Ин аст, ки дар муддати ду даҳсолаи охир бо дарназардошти муҳим будани рушди инфрасохтори соҳа бунёду навсозии ҳазорон иншооти варзишӣ амалӣ гардид.

Аз ҷумла, ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар қаламрави ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти оморӣ, 10 218 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудаанд.

Яке аз ин иншооти варзишӣ дар шаҳри Душанбе Маҷмааи универсалии варзишӣ  мебошад, ки  мутобиқ ба талаботи стандартҳои бозиҳои олимпӣ  сохта шудааст.


Маҷмааи бузурги универсалии варзишии пойтахт аз 3 то 5 ошёна иборат буда, тибқи лоиҳа  толорҳову  майдонҳои гуногуни варзишии он барои аз 150 то 3000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудаанд.  Иншоот аз қасрҳои варзишии болопӯшидаву  нимпӯшида, майдону майдончаҳои гуногун барои теннис, ҳавзҳои хурду миёна ва бузург барои шиноварӣ, инчунин дигар намудҳои варзиши обӣ иборат буда, барои гузаронидани мусобиқаҳои байналмилалӣ бо навтарин стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст.

Зимни ифтитоҳи маҷмааи мазкур 27 июли соли 2020 Сарвари давлат иброз доштанд, ки ҳадафи асосии мо аз амалӣ кардани сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон ва варзиш, пеш аз ҳама, тарбия намудани насли худшиносу худогоҳ, донишманду созанда, соҳибмаълумоту соҳибкасб, аз лиҳози ҷисмониву маънавӣ обутобёфта ва бо ҳамин роҳ ба вуҷуд овардани заминаи боэътимод барои ҷомеаи ояндаи Тоҷикистон мебошад.

«Мо бо наврасону ҷавонони имрӯза, яъне насли замони истиқлолу озодии Ватанамон ифтихор мекунем ва барои онҳо тамоми шароиту имконоти муосирро муҳайё месозем», — изҳор доштанд Пешвои миллат.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2022 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИМПУЛС-2026». Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон дар ҳисоби умумии даставӣ ҷойи дуюмро ишғол карданд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд