Соли 2022 диққати асосӣ ба омодасозии мутахассисони бемориҳои сироятӣ-вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ равона мешавад

Февраль 10, 2022 14:38

ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 доир ба ду масъалаи муҳимтарини соҳаи тандурустӣ – тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ меандешад, зеро ин супоришҳо баргирифта аз  Паёми навбатии Президенти Тоҷикистонанд. 

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2021 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иттилоъ дод.

Тибқи маълумоти омори пешакӣ,  теъдоди  умумии табибон дар Тоҷикистон 20797 ва кормандони миёнаи тиббӣ 60329 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2020  мутаносибан 576 ва 1715 нафар зиёд мебошад.

Соли 2021 29 нафар мутахассисон курсҳои бозомӯзиро оид ба вирусология, осебшиносӣ ва раддодӣ, гематология, ҷарроҳӣ, бемориҳои занона, анестезиология – реаниматология, бемориҳои гўш, гулӯ ва бинӣ, урология, ташхиси функсионалӣ ва эндокринология дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ва 10 нафар оид ба вирусология дар Ҷумҳурии Қазоқистон гузаштанд

Ҳамчунин зикр шуд, ки дар маҷмӯъ соли 2021 115 нафар мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар хориҷи кишвар давраҳои такмили ихтисос ва курси бозомӯзиро гузаштанд, ки нисбат ба соли 2020  107 нафар зиёд мебошад.

Ба гуфти Ҷамолиддин Абдуллозода, дар соҳаи фарматсия ва таъминоти муассисаҳои тандурустӣ бо доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар соли сипаришуда 255 иҷозатнома (литсензия) барои фаъолияти фарматсевтӣ, оид ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва  хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ дода шудааст, ки нисбат ба соли 2020 68 адад зиёд аст.

Дар ҷараёни нишаст зикр шуд, ки соли 2021 муассисаҳои илмии зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои илмӣ — тадқиқотиро аз рўи 33 лоиҳаҳои илмии аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда давом дода, ҳамзамон 16 лоиҳаҳои илмии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда барои солҳои 2022 – 2026-ро таҳия ва ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  пешниҳод карданд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2022 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Бунёду навсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистон ба садақаи ҷория дохил мешавад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар моҳи Рамазон бештар анҷом додани амалҳои шоиста дар ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад»
Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд