ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 феврал дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар мавриди баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023) нишасти матбуотӣ доир гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар нишаст роҳбари котиботи конфронс, раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода ва Намояндаи вижаи Подшоҳии Нидерланд оид ба ҳамкории байналмилалии об Ҳенк Овинк дар бораи нақшаву ҳадафҳои Конфронси дуюми Душанбе ва Конфронси оби СММ-2023 маълумот пешниҳод намуданд.
Дар нишаст роҳандозии кӯшишҳои Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир ҷиҳати пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд таъкид шуда, зикр гардид, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ҳашт қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои об қабул мегардад, ки ин шаҳодати муҳиму сарвақтӣ будани мавзӯъ мебошад.
«Ҳоло иқдоми чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 – 2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” дар соли 2022 ҳамчун чорабинии муҳими ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои ин Даҳсола дар соли 2023 (Ню-Йорк) пешбарӣ мешавад»,-иброз дошт Султон Раҳимзода зимни суханронӣ.
Шоҳигарии Нидерланд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамраисон ва Департаменти СММ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва СММ-Об ҳамчун котиботи конференсия ҷиҳати манзур намудани мушкилоти мавҷуда ва тағйирёбии иқлим дар тамоми ҷаҳон талош хоҳанд кард.
«Интизории мо аз конфронс он аст, ки тамоми аҳолии ҷаҳон ин мушкилотро бояд дарк намоянд ва захираҳои обро беҳтар сарфа кунанд. Дар ин раванд амалҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқагардидаро марбут ба захираҳои об, аз ҷумла Рӯзнома барои рушди устувор барои то соли 2030 қабул бояд кард. Айни замон ташаббуси чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ мегардад. Мақсади ниҳоии мо ҷаҳонро барои об муттаҳид кардан аст»,-ибрози андеша намуд мусоҳиб.
«Ҳукумати Шоҳигарии Нидерландия дар масъалаҳои об ва ташкили конфронси дуюм бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дорад. Дар давраи пандемия зарурати обро ҳама бе чуну чаро ҳис карданд, зеро тавсияи духтурон, пеш аз ҳама, аз шустани дастон ва тозагӣ иборат буд. Мо бояд дар доираи ин ташаббусҳо оид ба тағирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он, аз ҷумла барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор амал кунем. Аз ҳамин лиҳоз зарур аст, ки мо дар масъалаи об муттаҳид бошем ва барои ҳалли ин масъалаи ҷаҳонӣ кушиш ба харҷ диҳем. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем ҳадафҳои пешгирифтаамонро амалӣ намоем. Албатта, ин кори осон нест, зеро об ҳаёт аст ва саломатии мо ҳам аз он вобастагӣ дорад»,- гуфт Намояндаи махсуси Подшоҳии Нидерланд оид ба ҳамкории байналмилалии об Ҳенк Овинк .
Зимни суханрониҳо иброз дошта шуд, ки ҳам раванди омодагӣ ва ҳам конфронс ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳониён ва уҳдадориҳо равона гардида, барои муайян намудани Рӯзномаи амиқ барои нимаи дуюми Даҳсола ва минбаъд барои давраи то соли 2030 метавонанд таъсири калидӣ расонанд.
Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.
Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: «Ховар»