ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 феврал, якшанбе, 37-умин рӯзи соли 2022 аст

Февраль 6, 2022 08:00

6 феврали  соли 2014  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия сафар карданд.

***

7 сол пеш, 6 феврали соли 2014 доир ба мубодилаи санадҳои тасвибии созишномаи байнидавлатӣ дар бораи шароит ва муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон протокол ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амният ба имзо расид.

6 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии пешхизмат (бармен).

РӮЙДОДҲО:

6 феврали соли 2012 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилотии вилоятҳо ва шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба якбора паст шудани ҳарорати ҳаво барои хонандагони аз синфи 1 то 11 (барои се рӯз) дарсҳо боздошта шуданд.

***

6 феврали соли 2012  дар таваллудхонаи шаҳрии №3- и шаҳри Душанбе шаҳрванди 8-миллионумини Тоҷикистон ба дунё омад.

***

6 феврали соли 2015 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» баргузор гардид.

***

6 феврали соли 1875 дар Германия бақайдгирии ҳатмии никоҳи шаҳрвандон ҷорӣ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1894 шаҳрвандони вилояти Онтариои Канада барои манъ кардани нӯшокиҳои спиртӣ овоз доданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

 Соли 2008 аввалин шумораи рӯзномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонун ва ҷомеа» нашр гардид.

Февраль 6, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш