ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА АНГИШТ ДАР СОЛИ 2022 МЕТАВОНАД БА САТҲИ РЕКОРДӢ БАРОЯД. Дар ин бора дар гузориши нави Агентии байналмилалии энергетикӣ гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 04.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Талаботи умумии ҷаҳонии ангишт — аз ҷумла истифодаи он на танҳо дар соҳаи энергетика, балки дар истеҳсоли семент ва пӯлод низ дар соли 2021 6% афзоиш ёфт. Ин нишондиҳанда аз сатҳи рекордии солҳои 2013 ва 2014 зиёд нест. Аммо, вобаста ба шароити обу ҳаво ва рушди иқтисодӣ талабот ба ангишт метавонад соли 2022 ба сатҳи баландтарини таърихӣ бирасад. Дар ин бора дар гузориши нави Агентии байналмилалии энергетикӣ (АБЭ) гуфта мешавад.
Дар маҷмӯъ, дар агентӣ чунин мешуморанд, ки талабот ба ангишт дар соли 2022 метавонад рекорди таърихӣ гузорад. «Эҳёи босуръати иқтисод ба он оварда мерасонад, ки истеҳсоли ҷаҳонии неруи барқ аз ангишт соли равон ба сатҳи рекордӣ мерасад ва талабот ба ангишт аллакай соли 2022 метавонад ба сатҳи рекордӣ расад», омадааст дар гузориши АБЭ. Тавре дар гузориш зикр шудааст, рақобатпазирии энергияи барқи ба василаи ангишт истеҳсолшаванда низ аз ҳисоби болоравии нархи гази табиӣ афзоиш ёфтааст.
АБЭ пешгӯӣ мекунад, ки қимати ангишт дар дурнамои наздик боз ҳам боло хоҳад рафт, зеро Индонезия содироти ин навъи сӯзишвориро муваққатан манъ кардааст.
Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон истихроҷи ангишт дар сатҳи рекордӣ идома дорад. Ҳукумати кишвар, ки рушди саноати ангиштро дар ҷумҳурӣ дастгирӣ мекунад, гузариши ҳамаҷониба ба ин намуди сӯзишвории маъданиро «талаботи замон» номида, изҳор медорад, ки бидуни истифодаи ангишт дар бахшҳои энергетикӣ ва саноатӣ дурнамои рушди кишвар ғайриимкон аст.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон зиёда аз 36 кон ва зуҳуроти ангишт мавҷуд аст, ки ҳамаи намудҳои ин навъи сӯзишвории сахти истихроҷшавандаро дороянд: аз ангишти қаҳваранг то ангишти санг, аз ҷумла ангишти коксшаванда ва антратсит. Захираи умумии ангишт дар ҷумҳурӣ аз 4 миллиард тонна зиёд аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997 Барномаи рушди саноати ангиштро барои солҳои 1998-2010 ва соли 2001 Консепсияи рушди инфрасохтори сӯзишворию энергетикӣ барои солҳои 2003-2015-ро тасдиқ кард. Барои дастгирии соҳа мақомот дар давраи солҳои 2003-2010 ба корхонаҳои истихроҷи ангишт ба маблағи 5 миллиону 133 ҳазор сомонӣ ва барои корҳои ҷустуҷӯии геологӣ 1 миллиону 220 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ ҷудо карданд.
Дар натиҷаи фароҳам овардани шароити мусоид барои истихроҷ ва истифодаи ангишт ва ворид шудани ширкатҳои хориҷӣ, ки ба сармоягузорӣ дар ин соҳа манфиатдоранд, ҳаҷми истихроҷ босуръат афзоиш ёфт. Истеҳсоли ангишт соли 2007 ба 164,7 ҳазор тонна расида, соли 2011 корхонаҳои ангишт 236,8 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карданд. Соли 2014 дар Тоҷикистон 870 ҳазор тонна, соли 2015 беш аз 1 миллион тонна ва соли 2016 зиёда аз 1,3 миллион тонна ангишт истихроҷ шуд. Вазорати саноат ва технологияҳои нав соли 2018 аз рекорди нав хабар дод — корхонаҳои ангишти кишвар 1,9 миллион тонна ангишт истихроҷ карданд. Тибқи иттилои расмӣ, соли 2018 корхонаҳои саноатӣ ва энергетикӣ ва иншооти хоҷагии халқ дар ҳаҷми зарурӣ бо ангишт таъмин гардида, ҳудуди 45 ҳазор тонна ба хориҷи кишвар содирот шудааст.
Корхонаи воҳиди «Ангишти тоҷик» охири моҳи декабри соли 2019 эълон кард, ки истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ беш аз 2 миллион тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба истихроҷи ангишт дар соли 2000 100 маротиба зиёд аст! Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин рақам дар соли 2021 2,8 миллион тоннаро ташкил дод — ин баландтарин нишондиҳанда дар таърихи Тоҷикистон аст.
Тибқи иттилои вазорат, дар кишвар ангишти сахт ва қаҳваранг истихроҷ мешавад. Дар кишвар 12 ширкати ватаниву хориҷӣ ба истихроҷ ва истеҳсоли ангишт машғуланд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, Тоҷикистон соли 2021 аз рӯи рушди саноат дар миқёси ИДМ дар ҷои аввал қарор гирифт. Дар ин бора 2 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ Вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шералӣ Кабир изҳори назар намуд.
«Аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 Тоҷикистон аз ҷиҳати рушди саноат дар ИДМ ҷои аввалро ишғол кард — ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 38,8 миллиард сомониро (беш аз 3,4 миллиард доллар) ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 23 фоиз зиёд мебошад», — гуфт вазир. Ба зикри ӯ, 32 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба саноати кӯҳӣ, 20 фоиз ба неруи барқ ва 19 фоиз ба маҳсулоти хӯрокворӣ рост меояд.
Зебои ЮСУФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Twitter