Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҳамкориро дар соҳаи танзими энергетика тақвият мебахшанд

Февраль 21, 2022 09:30

ДУШАНБЕ, 21.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод бо Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Рика Иши мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди соҳаи танзими энергетикаи барқӣ дар Тоҷикистон ва рушди рақобат, инчунин омӯзиши таҷрибаи давлатҳои муваффақ дар самтҳои мазкур мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои густаришу таҳкими масъалаҳои таъмини рақобат ва рушди он, инчунин тақвият бахшидани танзими энергетика иброз дошта, идомаи ҳамкориро дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

 

АКС: Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ

Февраль 21, 2022 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд