Турсунзода: То ҷашни Наврӯз 120 омӯзгор ва 60 табиби эҳтиёҷманд соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ мегарданд

Февраль 11, 2022 09:01

ТУРСУНЗОДА, 11.02.2022 /АМИТ«Ховар»/.  Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ намудани омӯзгорону табибон дар шаҳри Турсунзода то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 120 нафар омӯзгор ва 60 нафар табиб бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин карда мешаванд. Зеро тибқи маълумоти   масъулини сохтори маориф ва тандурустӣ, омӯзгорону табибоне, ки барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ пешниҳод гардидаанд, дар ҳақиқат эҳтиёҷманданд. Ин матлабро раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.

Зимни нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки барои  дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ 427 иншоот  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ин иншоот 21 ададаш корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ мебошанд, ки дар онҳо 2083 нафар сокинони шаҳр бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Дар нишасти матбуотӣ изҳор гардид, ки дар доираи Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026  дар назар дошта шудааст, ки дар шаҳри Турсунзода  шумораи корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ аз 50  ба 80 адад расонида шавад.

 

 АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2022 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд