Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон соҳиби Ҷоизаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷоизаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) барои эътирофи фидокории кормандони тиб ва уҳдадориҳои бардавоми қувваи беҳдошт ва нигоҳубин дар беҳбуди саломатӣ ва некӯаҳволии мардум сарфароз гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ҷоизаи мазкурро имрӯз зимни ҷаласаи расмии Шӯрои ҳамоҳангсози байнисоҳавии татбиқи «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, мушовири СҶТ оид ба сиёсати тандурустӣ Илкер Даштан ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода тақдим намуд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки дастовардҳои асосӣ дар самти пешгирӣ, ташхису табобат ва назорати бемории сироятии COVID-19 дар давраи пандемияи COVID-19- ин таҷдиди назар гардидани ҳамгироии фаъолият байни муассисаҳои беморхонавӣ, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва назорати санитарию эпидемиологӣ маҳсуб меёбад, ки дар натиҷа роҳҳои самаранок ва фаврии мушкилоти ташхису табобат, дарёфт ва безараргардонии манбаи сироят, ба канорагирӣ равон намудани нафароне, ки бо бемор дар тамос буданд, фароҳам омаданд. Ҳамзамон дар ин самт чорабиниҳои зиёд анҷом дода шуданд, ки дар худ як навъ ташаббусу тадбирҳо ё модели миллии пешгирӣ ва мубориза бо сироятҳо, аз ҷумла COVID-19-ро ифода менамояд.
Муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода иброз намуд, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷабҳаҳои вокуниш бар зидди бемории коронавирус таъмин гардиданд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни тамоми давлатҳои ҷаҳон дар зинаи 14-ум аз лиҳози фарогирии ваксинатсия қарор гирифт. Моҳи феврали соли равон фарогирии сокинон ба ваксина то 90 фоиз расида, то охири моҳ ин рақам боло хоҳад рафт.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз ба ҷумҳурӣ тавассути механизми байналмилалии COVAX ва кумакҳои башарӣ 11 269 920 воя ваксинаҳои «АстраЗенека», «КоронаВак», «Модерна», «Спутник V» ва «П файзер» ворид карда шуда, мавриди истифодаи самаранок қарор дода шудаанд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






