Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе баргаштанд
ДУШАНБЕ, 11.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 9 то 11 марти соли равон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср қарор доштанд, шоми 11 март ба Душанбе баргаштанд.