Дар Душанбе олимпиадаи II даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанни технология оғоз ёфт

Март 11, 2022 16:03

ДУШАНБЕ, 11.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Олимпиадаи II даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими меҳнат) оғоз гардид. Дар ин бора ба  АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар расми ифтитоҳи олимпиада сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода гуфт, ки баргузор намудани Олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими меҳнат), ки таҷрибаи нахустин на танҳо дар пойтахт, балки дар ҷумҳурӣ ва минтақа арзёбӣ мегардад, давоми мантиқии дастгириҳои иқдому ташаббусҳои наву тоза дар соҳаи маориф мебошад.

Зикр шуд, ки олимпиада баҳри дарёфт ва рушди зеҳниву эҷодии хонандагон ва ҳавасмандгардонии фаъолияти мустақилонаи илмию амалӣ ва таҳқиқотии онҳо дар доираи фанни технология (таълими меҳнат), фароҳам овардани шароит ҷиҳати тарбияи мутахассисони соҳаи истеҳсолот, омода гардидан ба зиндагии мустақилона, бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии насли наврас роҳандозӣ шудааст.

Дар даври шаҳрии олимпиада дастаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе иштирок намуда, нахуст донишҳои назариявии худро тавассути супоридани санҷишҳои тестӣ ва нақшакашӣ пешниҳод намуданд.

Дар назар аст, ки дар идомаи кори олимпиада довталабон лоиҳаҳои эҷодии худро муаррифӣ намуда, инчунин тибқи супоришномаҳо корҳои амалиро иҷро намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи II даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими меҳнат) пагоҳ, 12 март низ ҷараён мегирад.

 

АКС: Сарраёсати маорифи ш. Душанбе

Март 11, 2022 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад