23 МАРТ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲАВОШИНОСӢ. Мутахассисони тоҷик ҳамарӯза аз 56 нуқтаи обуҳавосанҷӣ маълумот оид ба вазъи ҳаво пешниҳод менамоянд
ДУШАНБЕ, 23.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 56 нуқтаи обуҳавосанҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза маълумотро доир ба вазъи боду ҳаво, ҳарорати ҳаво, бориш, самту суръати шамол ва дигар равандҳои атмосферӣ ба сокинони кишвар пешниҳод менамоянд. Агар саҳифаи таърихи обуҳавошиносии кишварамонро варақ гардонем, мебинем, ки нахустин нуқтаи обуҳавосанҷӣ соли 1866 дар Хуҷанд, баъдан дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Хоруғ Бохтар ва Мурғоб таъсис дода шудаанд. Соли 1926 дар Душанбе хадамоти обуҳавосанҷӣ ташкил карда шуд, ки ин ниҳод ба таъсиси Агентии обуҳавошиносии кишвар замина гузошт.
Ин дар ҳолест, ки 23 март ҷомеаи ҷаҳонии метеорологӣ иди касбии худ — Рӯзи ҷаҳонии ҳавошиносиро ҷашн мегирад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Рӯзи мазкур аз таъсиси Созмони ҷаҳонии метеорологӣ /WMO/ дар соли 1873 ва 23 марти соли 1950 эътибор пайдо намудани Конвенсияи WMO сарчашма мегирад. WMO сохтори махсуси байниҳукуматии СММ мебошад, ки имрӯз 185 давлатро муттаҳид месозад. Он дар соҳаи гидрометеорология ва гидрологияи фаврӣ ҳамкории густурдаи байналмилалиро роҳандозӣ намуда, ҳамкории мутақобилаи низоми глобалӣ, минтақавӣ ва миллии мушоҳидаи обу ҳаворо дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ҳамоҳанг месозад, инчунин мубодилаи байналмилалии маълумот ва маҳсулоти гидрометеорологӣ -пешгӯиҳо, харитаҳо, тадқиқот ва обуҳавошиносӣ ба роҳ мемонад.
Дар ҷаҳон шояд аз касби гидрометеоролог дида, интернатсионалтар касб набошад, зеро равандҳои атмосфера дар болои замин соҳибихтиёрии касеро эътироф намекунанд ва бидуни ягон робита бо марзҳои давлатӣ рушд меёбанд. Инчунин СҶМ ташкил ва фаъолияти самараноки Хадамоти ҷаҳонии обу ҳаворо таъмин менамояд, ки низоми амалиётии глобалӣ барои таъмини ҳамаи аъзои СҶМ бо маълумоти мушоҳидаи гидрометеорологӣ ва иттилооти коркардшуда барои пешгӯии амалиётӣ ва илмӣ мебошад. Айни замон Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ ҷамъоварӣ, коркард ва паҳн кардани маълумоти метеорологӣ, омӯзиши уқёнусҳо ва иттилоотро аз низоми моҳвораҳои метеорологии қутбӣ ва истгоҳҳои ҷуғрофии моҳворавии метрологии тақрибан 10000 истгоҳ, ки дар хушкӣ воқеанд, 1000 истгоҳи болоии ҳавоӣ, 7300 киштиҳо, 900 киштии ҳавоӣ ва 3000 ҳавопаймоҳо ҳамоҳанг мекунад, ки ҳар рӯз 70000 мушоҳидаҳои иловагиро пешниҳод менамоянд.
Шабакаи беназире, ки аз се маркази ҷаҳонии метеорологӣ -Вашингтон, Мелбурн, Москва, 4 маркази минтақавӣ ва 185 маркази миллӣ иборат аст, ҳамарӯза дар саросари ҷаҳон маълумотро дар ҳаҷми беш аз 15 миллион аломат ва 2000 харитаи вазъи ҳаво ба таври фаврӣ ҷамъоварӣ, коркард ва интиқол медиҳад.
Агар саҳифаи таърихи обуҳавошиносии кишварамонро варақ гардонем, мебинем, ки нахустин нуқтаи обуҳавосанҷӣ дар Хуҷанд дар соли 1866, баъдан дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Хоруғ Бохтар ва Мурғоб таъсис дода шудаанд. Соли 1926 дар Душанбе хадамоти обуҳавосанҷӣ ташкил карда шуд, ки ин ниҳод ба таъсиси Агентии обуҳавошиносии кишвар замина гузошт.
Муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон аъзои Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ гардида, соҳаи обуҳавошиносии кишвар рушд намуд.
Бо узвият дар СҶҲ Тоҷикистон уҳдадор гардидааст, ки бо давлатҳои аъзои ин ташкилот дар пешбурди соҳа ҳамкории густурда ба роҳ монда, дар самти табодули маълумот ва пешгӯиҳои марбут ба вазъи боду ҳаво, омӯзиши вазъи тағйирёбии иқлим, гардишҳои атмосферӣ ҳамкориро тавсеа диҳад.
Ҷамила Байдуллоева афзуд, ки соли гузашта кормандони Агентии обуҳавошиносӣ соҳиби бинои нав гардиданд, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи он иштирок намуданд. Бинои Агентии обуҳавошиносӣ аз 6 ошёна, таҳхона, 71 ҳуҷраи корӣ, се маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, бо тарҳи муосир бунёд гардидааст. Барои фаъолияти пурсамари кормандон ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосиру пешрафта ва технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ таъминанд. Алҳол дар Агентии обуҳавошиносии кишвар беш аз 750 корманд фаъолият менамоянд.
Зарфи солҳои истиқлолияти давлатӣ мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ дар кишварҳои Русия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон курсҳои омӯзишӣ гузашта, такмили ихтисос намуда, таҷрибаи ҳамкасбони худро омӯхтанд. Агентии обуҳавошиносӣ дорои озмоишгоҳ буда, он таҷҳизоти замонавӣ барои гузаронидани санҷишҳои ташхиси обҳои рӯизаминӣ, сифати фазои ҳаво ва санҷишу таъмири асбоби обуҳавосанҷӣ мебошад. Дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон 3 шуъба, 5 раёсат ва 5 маркази муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири обуҳавосанҷӣ фаъолият доранд.
Бо дахли фаъолияти Маркази обуҳавошиносии кишвар Ҷамила Байдуллоева афзуд, ки самти Маркази обуҳавошиносӣ асосан ба омӯзиш ва пешгӯии равандҳои обу ҳаво нигаронида шудааст.
Ҷамила Байдуллоева зикр намуд, ки ҳавошиносони тоҷик дар пешгӯии боду ҳавои кишвар асосан аз моделҳои пешрафтаи Русия, Амрико, Британияи Кабир, Олмон, Ҷопон истифода менамоянд, ки дурустии онҳо то 80 фоизро ташкил медиҳад. Маркази мазкур бо таҷҳизоту барномаҳои муосири компютерӣ, алоқаи моҳворагӣ ва моделҳои пешгӯии вазъи обу ҳаво таҷҳизонда шудааст.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 56 нуқтаи бодуҳавосанҷӣ, 89 дидбонгоҳи обченкунӣ, 21 нуқтаи ченкунии сифати фазои ҳаво дар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ фаъолият доранд, ки маълумоти ҳаррӯзаи вазъи боду ҳаво, ҳарорати ҳаво, бориш, самту суръати шамол, чангу ғубор ва туманро коркард менамоянд. Инчунин дар шаҳрҳои Бохтар, Гулистон ва Хоруғ марказҳои обуҳавосанҷии минтақавии Агентӣ фаъолият доранд. Барои тартиб додани пешгӯиҳои якшабонарӯзӣ аз харитаҳои ёрирасони обуҳавосанҷии моҳвораи «МETEOSAT-8» — Маркази моҳворагии аврупоӣ, истифода бурда мешавад.
Ҷамила Байдуллоева афзуд, ки дар марказ дастгоҳҳои муосири истеҳсоли давлатҳои Шветсария, Финландия, Амрико ва Олмон барои ташхису танзимкунии дастгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дастрас ва насб гардидаанд, ки дар миқёси Осиёи марказӣ яке аз марказҳои танзими пешқадам эътироф гардидааст.
«Дар шароити тағйирёбии иқлим фароҳам гардидани шароити муосир ва муҷаҳҳаз гардонидани бинои нав бо таҷҳизоти муосир кормандони Агентии обуҳавошиносиро водор месозад, ки фаъолияти пурсамар ба роҳ монда, ҷиҳати пешгӯӣ, огоҳии вазъи обу ҳавои кишвар ҳамарӯза ба аҳолӣ ва идораҳои давлатӣ маълумоти саҳеҳу саривақтӣ пешниҳод намоянд, зеро рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ва ҷаҳон ба маълумоти обуҳавошиносон сахт ниёз дорад.
Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз, 23 март дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ гардида, дар минтақаҳои кӯҳии мамлакат борон дар назар аст»,-баён дошт дар хатми суҳбат Ҷамила Байдуллоева.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз манбаъҳои боз