АҲСАН! Варзишгарони тоҷик аз Чемпионати Осиё оид ба бокс бо 8 медал ба Ватан бармегарданд
ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати Осиё оид ба намуди варзиши бокс миёни наврасону ҷавонон дар шаҳри Аммони Урдун бо муҳорибаҳои ҷавонон дар даври финалӣ ба анҷом расид. Дар даври финалии он варзишгари тоҷик Абдураҳим Ёқубов дар вазни -60кг муҳориба карда, ҷои дуюмро ишғол намуд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Абдураҳим Ёқубов аз ҳарифи қирғизистониаш Алмаз Орозбеков бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашта, сазовори медали нуқра шуд.
Ин варзишгари тоҷик то ба финал расидан дар се муҳориба муқобили варзишгарони Тайланд (Паочанзуек Фиси), Ҳиндустон (Рудра Пратап Сингҳ), Узбекистон (Суҳроб Аминов) дастболо шуда буд.
Мавриди зикр аст, ки миёни ҷавонон се варзишгари дигарамон — Юсуф Фозилов (-71кг), Нурланбек Эрматов (-75кг), Акмалҷон Абдувалиев (-86кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Варзишгаронамон миёни наврасон низ 4 медал ба даст оварданд: Анӯшервон Фозилов (-46кг) медали нуқра, Ҳангома Исоева (-57кг), Руслан Ғафуров (-57кг), Рустамҷон Ашӯров (-60кг) медали биринҷӣ.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон 2 март дар шаҳри Аммони Урдун оғоз гардида, 14 март ба анҷом расид. Дар чемпионат варзишгарон аз 21 давлати қора иштирок карданд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 варзишгар (11 нафар миёни ҷавонон, 10 нафар миёни наврасон) ба шаҳри Аммони Урдун сафарбар гардиданд, ки бо 8 медал – 2 нуқра ва 6 биринҷӣ ба Ватан бармегарданд.
АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






