АЗ «АВТОБУС»-И ТОҶИКИСТОН ТО «АФРОДИ МАХФӢ»-И АМРИКО. Аз 14 то 18 март дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови Душанбе Фестивали филмҳои ҶТ ва ИМА доир мегардад

Март 15, 2022 13:04

ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 18 март дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров дар робита ба 30-солагии истиқрори муносиботи дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Фестивали филмҳои Тоҷикистон ва Амрико баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар   МД «Тоҷикфилм».

Гуфта  шуд, ки дар фестивали мазкур филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон ва Амрико   пешниҳоди тамошобинон гардонида мешаванд.

13 март  зимни маросими ифтитоҳи Фестивали филмҳои Амрикою Тоҷикистон дар кинотеатри мазкур алоқамандони кино, собиқадорону мутахассисони соҳа ва намояндагони Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин рӯз филми мустанади «Аз алла то вобалам»-и коргардон Аниса Собирӣ намоиш дода шуд.

Баргузории фестивали мазкур ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ миёни филмбардорони Тоҷикистону Амрико ва тақвияти робитаҳои фарҳангӣ мусоидат менамояд.

Нақшаи намоиши филмҳо:   

14.03.2022, соати   15:30:  филми ҳунарии «Селма» (ИМА).  Коргардон: Ава   Дюверней. Филм дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ҳомии ҳуқуқи сиёҳпӯстон Мартин Лютер Кинг ҳикоям мекунад ва  соли 2015 соҳиби ҷоизаи «Оскар» шудааст.

14.03.2022, соати   17:00:  филми ҳунарии «Падари моҳтобӣ» («Лунный папа»-и коргардон Бахтиёр Худойназров (истеҳсоли Тоҷикистон якҷоя бо Русия, Олмон, Швейтсария, Австрия, Ҷопон ва Франсия), ба забони русӣ бо зерматни англисӣ.

15.03.2022, соати  17:00:  филми ҳунарии «Лигаи хусусии онҳо» (ИМА), ба забони   англисӣ.    Коргардон: Пенни Маршалл.  Дар нақшҳо: Том Хэнкс, Ҷина Дэвис, Мадонна, Ҷимми Дуган.

16.03.2022, соати 17:00:  филми ҳунарии «Автобус» (Тоҷикистон), ба забони тоҷикӣ бо зерматни англисӣ. Коргардон: Абдулҳай Зокиров. Дар нақшҳо: Мавлона Наҷмиддинова, Зарина Хушвахт, Абдулмӯмин Шарипов, Насриддин Нуриддинов.

17.03.2022, соати 15:30:  филми ҳунарии «Афроди махфӣ» («Secret People»,  ИМА), ба забони   англисӣ. Коргардон: Торолд Дикинсон.

18.03.2022, соати 14:00:  филми ҳунарии «Сафари ҳавоӣ» («Air Safar»,Тоҷикистон), ба забони тоҷикӣ бо зерматни англисӣ.  Коргардон: Далер Раҳматов.

 

ДАР АКС:  лаҳзае аз филми «Селма»(ИМА)

Март 15, 2022 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд