БА КОР — БО МӮЙҲОИ ЖӮЛИДАЮ ПАРЕШОН. Толибон ба мансабдорон бе риш ба кор рафтанро манъ карданд

Март 29, 2022 11:35

ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаракати  дар Афғонистон ҳукмрони «Толибон»* ба ҷои кор ҳозир шудани кормандони чанд вазоратро бинобар надоштани риш манъ намудааст. Ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора ба РИА Новости сарчашмаҳо хабар додаанд.

Охири моҳи декабри соли 2021 толибон гуфтанд, ки бо вуҷуди тавсияи натарошидани риш онҳо мардонро маҷбур нахоҳанд кард, ки риш гузоранд.

“Чанд вақт пеш ба мо гуфтанд: ё риш мегузорӣ ё коратро тарк мекунӣ. Мо гумон доштем, ки ин корро намекунанд, аммо имрӯз (душанбе, 28 март. — Тавз. АМИТ “Ховар”) кормандони Вазорати мамнӯъият ба мо иҷозат надоданд, ки кор кунем”, — гуфт корманди Вазорати маорифи Афғонистон, ки нахост номаш ифшо шавад.

Ба гуфтаи ӯ, ин вазъият ба ҳамкорони онҳо аз дигар вазоратҳо низ таъсир кардааст. Манбаъ таъкид намуд, ки ин вазъ ходимони давлатии Афғонистонро нигарон кардааст, зеро бархе аз онҳо риш гузоштан ва салла бастан намехоҳанд.

Як манбаъ дар вазорати хориҷаи Афғонистон гуфт, толибон кормандони чанд вазоратро ба далели доштани риши кӯтоҳ ва надоштани каллапӯш ба кор роҳ надодаанд. Ростӣ, гуфта нашудааст, ки кадом андозаи ришро бояд интихоб кард.

Толибон тартиботи асри сангро баргардонида, таҳаввулоту рушдро зери суол мебаранд. Вақте мо дар бораи асри санг фикр мекунем, одамони дорои риши ғуллии бетартибро пеши назар меорем. Ҳарчанд маҳз мардони асри санг аввалин шуда, ба риштарошӣ шурӯъ кардаанд. Зиёда аз 100 000 сол пеш мардон барои тарошидани мӯйҳои  номатлуб аз садафи ҷонварони хурди баҳрӣ истифода мекарданд… Ва ҳоло асри 21 аст!

«Фикр намекунам, ки толибон кишварро дубора ба асри санг баргардонида тавонанд, зеро дар Афғонистон насли наве ба воя расидааст, ки омодаи муқовимат ба ин кор аст», -гуфт чанде қабл дар мусоҳиба ба «Независимая газета» сиёсатшиноси афғон ва хатмкардаи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва (МГИМО) Ғавс Ҷонбоз.

Ёдовар мешавем, ки аввалҳои моҳи августи соли гузашта толибон ҳамлаи худро алайҳи неруҳои давлатии Афғонистон афзоиш додаанд ва  15 август вориди Кобул шуда, рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг тамом шудааст.  Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт. Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд. Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон эълон шуд. Ба он Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар замони ҳукмронии аввали толибон ба ҳайси раиси вазорати хориҷа кор карда, аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад, роҳбарӣ мекард.

АКС аз манбаъҳои боз

_________________________________

* «Толибон» ҳаракати тундрав, ки дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст

Март 29, 2022 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд