Баҳодур Шерализода: Дар 5 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 9 миллион бех дарахт шинонда шуд, то иқтидори маҳвкунии карбон афзоиш ёбад

Март 2, 2022 09:16

ДУШАНБЕ, 02.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тайи 5 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 9 миллион дарахт шинонда шуда, ин раванд солҳои оянда низ идома хоҳад ёфт, то иқтидори маҳвкунии карбон дар Тоҷикистон афзоиш ёбад. Илова бар ин, майдони умумии ҳудудҳои ҳифзшавандаи Тоҷикистон аз 2,8 фоизи майдони умумии кишвар аз соли 1991 то соли 2021 22 фоиз зиёд карда шудааст. Дар амал майдони ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда 2,7 миллион гектар зиёд гардида, дар Тоҷикистон барои таъмини истифодаи устувори экосистемаҳо ва захираҳои табиӣ минтақаҳои нави муҳофизатшаванда бунёд карда мешаванд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни суханронӣ дар иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ки аз 28 феврал то 4 март дар пойтахти Кения — шаҳри Найробӣ мегузарад, зикр намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ доданд.

Дар иҷлосия инчунин ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад, ки тавассути он имкон фароҳам оварда мешавад, то неру ва захираҳо барои тадбирҳои амалӣ баҳри ҳифзи пиряхҳо – муҳимтарин манбаи оби тоза дар Осиёи Марказӣ сафарбар карда шаванд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар Тоҷикистон ҳудуди шаст дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул ёфта, он макони асосии пиряхҳои минтақа аст. Ҳамзамон қисми асосии захираҳои об дар Тоҷикистон ташаккул ёфта, дар таъмини обу ҳаво ва рушди устувори тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозад.


Сарфи назар аз саҳми ҳадди ақал дар партовҳои газҳои гулхонаӣ Тоҷикистон дар таҳрири навшудаи Саҳми Миллии Муайяншуда дар соли 2021 уҳдадориҳои афзояндаи коҳиши партовҳои газҳои гулхонаиро бар дӯш гирифт.

Мавриди зикр аст, ки иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи муҳити зисти СММ ва ҷаласаи ғайринавбатии Ассамблея бахшида ба 50-солагии таъсиси он дар қароргоҳи Барномаи муҳити зисти СММ дар Найробӣ зери унвони «Тақвияти фаъолияти экологӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор» бо иштироки вазирони ҳифзи муҳити зисти кишварҳои ҷаҳон ва сарони бархе аз давлатҳо ҷараён дорад.

Дар иҷлосияи панҷум ташаббусҳои муҳим барои ҳалли буҳрони сайёра- тағйирёбии иқлим, талафоти гуногунии биологӣ, ифлосшавӣ тавассути партовҳои пластикӣ, барқарорсозии муҳити зист, иқтисодиёти даврӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ баррасӣ гардиданд.

 

АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Март 2, 2022 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаҳои марбут ба тавоноӣ барои мувозинати низоми энергетикӣ баррасӣ карда шуд
Лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба солимии ҳайвонот конференсияи байналмилалӣ баргузор намуд
Ҳамкорӣ дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия баррасӣ гардид
Дар форуми минтақавӣ дар Боку масъалаҳои маблағгузории соҳибкории хурду миёна ва сиёсати савдо баррасӣ шуд
Рушди технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон дар Форуми глобалии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсонӣ дар Сеул баррасӣ шуд
Дар Тошканд ҷаласаи 45-уми Машварати ҳамоҳангсозии нақлиётии давлатҳои ИДМ баргузор гардид
Дар Ҳисор ҳамоиши илмӣ-амалии минтақавии кишоварзӣ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфренсияи III байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Беларус иштирок намуд
Дар Ню-Йорк имконияти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди корҳои созандагӣ ва ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилояти Хатлон шинос шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2025» беш аз 60 ширкат маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд