«БОЗ БОРОН МЕРАСАД, ПАЙКИ БАҲОРОН МЕРАСАД…». Дар Бадахшон расму оинҳои наврӯзӣ то ҳанӯз ҳифз шудаанд

Март 20, 2022 11:04

ДУШАНБЕ, 20.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯзи оламафрӯзро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошукӯҳ ҷашн гирифта, онро дар  ҳудуди ноҳияҳои Роштқалъа ва Шуғнон- «Хидирайём», ки маънояш Иди бузург аст, ном мебаранд. Чунин ибрози андеша намуд шоири маъруфи тоҷик, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, лауреати ду ҷоизаи бонуфузи адабии Русия —  ордени «Золотая осень»-и ба номи Сергей Есенин ва медали «Ф.М. Достоевский», муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато МИРХОҶА зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Мавсуф афзуд, ки Наврӯз аз дигар идҳои маъмули ин диёр калонтару бузургтар ва табарруктар аст, вале дар осори шифоҳӣ суруду бадеҳаи мардуми ин сарзамин бо исми Наврӯз омадаанд.

Бояд гуфт, ки дар Бадахшон номи мардонаи Наврӯз, Наврӯзбек, Наврӯзшоҳ ва занонаи Наврӯзмоҳ, Наврӯзгул, Наврӯза ва Сарвиноз Абригул, Булбулшоҳ ва ғайра, ки аз баҳору Наврӯз гирифта шудаанд, бисёр дида мешаванд. Банда аз ин рӯзҳои шукуфои табиат илҳом гирифта, шеъре бо номи «Боз борон мерасад…»-ро ба қалам додам.

Боз борон мерасад, пайки баҳорон мерасад,
Чил-чили чилкокулон аз обшорон мерасад.
Сарвҳо аз ноз гардиданд қадди Сарвиноз,
Абригул доманкашон бо ашки борон мерасад.
Дар Гулистон, гул ба кокул, Нозгул омад ба рақс,
Бози давлат бар сари ӯ, Бозгул омад ба рақс.
Бо суруди «Милён-милён гули розат диҳам»,
Ин саҳар милён-милён Розгул омад ба рақс.

Булбул андар Бӯстон имрӯз Булбулшоҳ шуд,
Гул кулаҳ бар сар ниҳоду дар Чаман Гулшоҳ шуд.
Офтобо, мавсими Хуршедгул гаштан расид,
Сунбул аз Маҳтоб ҳусн афзуду Сунбулмоҳ шуд!

Ман, ки момои Гулинаврӯз комам кардааст,
Ман, ки бобои Шакарнаврӯз номам кардааст,
Ман, ки кочии тари Наврӯзхотун хӯрдаам,
Хизр чун Наврӯзмаҳмад худ саломам кардааст.

Ёдам ояд кӯдакию момаи Наврӯзмоҳ,
Ёдам ояд наврасию бобаи Наврӯзшоҳ.
Меҳмони мо чу бо Наврӯзбегим мешуданд,
Аз қадамҳошон ҳамешуд хонамон Наврӯзгоҳ.

Гарчӣ аҳди Шӯравӣ Наврӯзро парчин намуд,
Лек ҳамчун меваи дуздӣ варо ширин намуд.
Халқ чун гулҳои зери барф пинҳон мешукуфт,
Халқ дастурхони идашро ниҳонӣ мекушуд.

Модарам чарғандаҳо  мепухту ҷоне мефузуд,
Модарам чархандаҳо  мепухту байте месуруд.
Қиблагоҳам сӯйи машриқ дасти омин мекушуд,
Қиблаи наврӯзии ӯ хонаи хуршед буд.
Мо ниҳонӣ метаконидем, оре, хонаро,
Мо ниҳонӣ сабз мекардем гандумдонаро.
Мо килоғузғуз  ҳамерафтем аз боме ба бом,
Мо ниҳонӣ шод мекардем ҳар кошонаро.

Ёдам ояд иди Наврӯзу давуғеҷи падар,
Ваҳ, чи сон зебо каҷак  месохт ӯ аз шохи тар!
Бо каҷакҳо мо саломи сабз медодем шод
Модари худро, ки мебӯсид моро пушти дар.

Шохаҳои тар – саломи сабзи наврӯзии ман,
То ба ҳоло сабз медоранд ҷонам дар бадан.
Сабз медоранд уммеди маро бар зиндагӣ,
Решаамро сабз медоранд дар хоки Ватан.

Ҳар кӣ бо Наврӯз бошад решапайванди Ватан,
Бошад ӯ ҳам шаҳрванду ҳам худованди Ватан.
Ҳар киро дар хона иди аслиаш Наврӯз нест,
Ӯ барои Тоҷикистон сокини дилсӯз нест!…

Боз борон мерасад, пайки баҳорон мерасад,
Чил-чили чилкокулон аз обшорон мерасад.
Тоҷикистони биҳиштиро дигар иду хушӣ,
Эй хушо, чун занбурӯғи баъди борон мерасад!

Аз осори шифоҳӣ ва хаттии ниёгонамон бармеояд, ки Наврӯз аз ҷашну маросими қадимӣ, мисли Меҳргону Сада, Баҳманмоҳу Тиргон дида, миёни мардуми ориётабор  мақому мартабаи шоиставу волотаре кашф кардааст.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-и Тоҷикистон, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он бо номи Помир маъруф аст, дар таҷлили ҷашни баҳору Наврӯз вижагиҳои хоси худро дорад. Дар айёми Наврӯз одатан дар Помири баландкӯҳ барф меборад, аммо зимистони тӯлонӣ сокинонро водор мекунад, ки фарорасии шабу рӯз ва баҳорро бо шодӣ ҷашн гиранд. Ин минтақаи баландкӯҳи шарқӣ дар таҷлили Наврӯз вижагиҳои хоси худро дорад, аз ҷумла баҳисобгирии Наврӯз дар шакли тақвими мардумӣ ва  номҳои гуногуни Наврӯз бо забонҳои помирӣ ва расму ойинҳои хоссаи он.

Тақвими мардумии «Хирпичор»

Номи тақвим дар яке аз забонҳои помирӣ – шуғнонӣ «Офтоб дар мард” тарҷума шудааст. Тақвим  чил рӯзи зимистон- тақрибан аз 20 декабр то 1 февралро дар бар мегирад.

Ҳисобот тақсимоти рӯзҳоро барои қисмҳои алоҳидаи бадани инсон дар бар мегирад. Пеш аз фарорасии Наврӯз идҳои хурди наздикшавӣ таҷлил карда мешаванд.

Аввалинаш иди «Хирчизӯн» (офтоб дар зону) мебошад, ки қариби 18 феврал деҳқонон ба саҳро нурӣ мепошанд. Ҷашни дигар «Остонбаро», яъне тоза кардани маконҳои муқаддас ё боғҳо  мебошад. Ҳамаи ин рӯзҳоро шахсони кордон, ки дар ҳар маҳал зиндагӣ мекунанд, муайян  менамоянд. 

Батайём

Батайём баъд аз «Офтоб дар мард» дувумини маросими идонаи наврӯзист, ки дар Бадахшон тахминан 22-23 феврал таҷлил мешавад. Дар «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ ин санаи таърихӣ, ки ба 4-5 баҳманмоҳ рост меояд, ҳамчун ҷашни бузурги бонувони эрониёни қадим зикр шудааст.

Вожаи «Батайём» аз номи ғизои маросимии солинавии «бат» гирифта шудааст. Батро, ки аз ҷиҳати мазза ва намуд ба дулма ё атола шабоҳат дорад, аз равған, шир ва орди навъи гандуми сурхаки ширинтаъм таҳия мекунанд. Агар ба ҷойи гандуми сурхак навъи дигари гандумро ба кор баранд, он вақт барои ширин шудани таъми бат аз талқон ё қанд истифода мекунанд.

Шеваи пухтани «бат» чунин аст: аввал дар дег равғанро доғ намуда, баъд ордро меандозанд. Вақте ки орд бирён шуд, шир ва намакро ба он ҳамроҳ карда, то як соат меҷӯшонанд.

Дар деҳоти ноҳияи Рӯшон «Батайём»-ро се рӯз (чаҳоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа) ҷашн мегиранд. Рӯзи аввал хонасафедон (хонасафедкунӣ) унвон дорад, рӯзи дуюм батпазӣ (пухтани таоми идона) ва рӯзи сеюм салом-салом (хабаргирии хешону ҳамсояҳо).

Наврӯзро дар Помир чӣ гуна ҷашн мегиранд?

Пеш аз ҳама, ҷашн дар Помир бо забонҳои помирӣ бо се ном маъруф аст: Хидирайём, Наврӯз ва Шогун баҳор. Бо тафовути андаке Наврӯз дар ВМКБ тақрибан ҳамин тавр таҷлил мешавад: муҳимтарин лаҳза тоза кардани хона аст. Пеш аз ҳама, аз хона чизе сурх (матоъ, кӯрпа ва ғ.) бароварда, ба ресмон овехта мешавад, ки рамзи ид ва муҳофизат аст. Кадхудо ё марди хона ними кулчаро чун неъмате табаррукӣ байни аъзои хонавода тақсим мекунад ва баъди тановули ғизои субҳ ҳамаи чизу чораи хонаро берун мебаранд. Дар хона фақат як деги сарпӯшида бо оби гарм мемонад. Бонувон бо ду ҷорӯб (яке хурду дигаре бузург) ба рӯфтани хона шурӯъ мекунанд. Ҷорӯби хурд барои рӯфтани деворҳо, синҷу сутунҳо ва ҷорӯби бузургтар барои рӯфтани сақф (чорхона, вассаю болорҳо). Баъд аз пок кардани хона касифиҳоро ҳамроҳи ҷорӯбҳо, ки гӯё тамоми ранҷу ғам, дарду алам, беморию фақри порина дар онҳо нуҳуфтааст, аз равзани хонаи урфӣ берун меандозанд. Бозпас ба пушт нанигариста, ба хона бармегарданд ва ба шустушӯйи хона, сафедкунӣ ва наққошии деворҳо машғул мешаванд.

Дар сафед кардан ва наққошии хона тамоми аъзои хонавода ширкат меварзанд. Бо орди наврӯзӣ (шогунай бун) дар ҳар панҷ сутуни хонаи урфӣ панҷтоӣ хол мегузоранд, дар деворҳо акси офтоб, маҳтоб, ситораҳо, салиби шикаста (свастика), дарахти арча, гулҳо, кафтар ва нахчир, ки рамзи хайру баракатанд, мекашанд. Имрӯзҳо барои наққошии наврӯзии хонаҳо аз коғазҳои рангин истифода мекунанд.

Баъди ба охир расидани тозакунӣ мардони хонавода бо шохаҳои дарахт, ки дар рӯи онҳо нақшҳо канда шудаанд ва онҳоро бо забони шуғнонӣ “Чухъалмофак”мегӯянд, вориди хона мешаванд ва занонро бо чунин суханон табрик мекунанд: Шогун баҳор муборак! (Иди баҳор муборак!), занҳо бо табақи орд интизори онҳо ҳастанд ва ба китфи росташон орд мепошанд ва ҷавоб медиҳанд: Ба рӯи шумо муборак! (Ва ид ба шумо ҳам муборак бошад).

Дастархони идонаро, чун анъана, таоми боҷ-кашк, ки аз донаҳои  гандум бо гӯшт тайёр карда шуда, тамоми рӯз дар оташи паст пухта мешавад ва нон-ғӯзгартдъа, яъне ноне, ки аз  чормагзи кӯфташуда омода гардидаст, оро медиҳад. 

«Кило ғузғуз»- маросими дӯстдоштаи кӯдакон дар Наврӯз 

Бо фарорасии шомгоҳ муҳимтарин бахши ид — маросими “килоғузғуз» фаро мерасад. Кӯдакон бесаброна интизори он ҳастанд. Яъне, шомгоҳон 8-10 нафар кӯдакон бо рӯмол хона ба хона гашта, соҳибонро бо фарорасии Наврӯз табрик мекунанд ва барои ин туҳфаҳо мегиранд. Кӯдакон дари хонаҳоро мекушоянд, ё болои бом баромада, канори рӯймолро мепартоянд ва дарҳол онро мебанданду  суруд мехонанд.

Дар ҳоле, ки кӯдакон суруд мехонанд, соҳибон дар канори рӯймол ҳадя мегузоранд ва дар  дохили он  одатан танга ё шириниҳо мегузоранд. Дар айёми қадим барои ин ҷавонон ба бом баромада, ба воситаи «рӯдз»– тирезаи шифт дар хонаи анъанавии помирӣ туҳфаҳо мегирифтанд. Муҳимтар аз ҳама, дар ин рӯз наметавон ба меҳмонони омада чизеро рад кард. 

Ҷашни умумӣ 

Ҳамчунин бадахшониҳо таҷлили якҷояи Наврӯзро хеле дӯст медоранд. Онҳо барои пешвози баҳор ҷамъ омада, тантанаҳои идона, мусобиқаҳои варзишӣ ва зиёфати бошукӯҳ ташкил мекунанд ва аз ин чорабинӣ якҷоя баҳравар мешаванд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Март 20, 2022 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд