«Чакомаи кӯҳистон» — таҷассумгари рӯзгори мардуми Тоҷикистон

Март 23, 2022 11:17

ДУШАНБЕ, 23.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Чакомаи кӯҳистон»- таҳти чунин унвон китоби адиби шинохтаи тоҷик Шераки Ориён  дар матбааи «Ашӯриён» ба табъ расид.

«Чакомаи кӯҳистон» аз ду қисмат:  «Русто» ва «Қиссаҳои дигари  кӯҳистон» иборат буда, муаллиф онро дар  асоси рӯйдодҳои асл ва зиндагии  кӯҳистониён дар услуби силсилаҳикоя ба риштаи наср кашидааст.  Шераки Ориён дар китоби тозанашри  худ «Чакомаи кӯҳистон» 25 ҳикояи фишурдаи  пурҳикматро  гирд овардааст, ки ҳангоми мутолиа дар хотири хонанда нақши амиқ гузошта, дар замираш эҳсоси муҳаббатро ба кӯҳистон бедор месозанд.

Шераки Ориён  нависандаи сермаҳсул аст. Асарҳояш бо забонҳои гуногуни олам-англисӣ, испанӣ, арабӣ, ҷопонӣ, фаронсавӣ, булғорӣ, олмонӣ, чинӣ, ҳиндӣ ва забонҳои мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тарҷума ва нашр шуда, сазовори ҷоизаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ду Гран при ва як Ҷоми Лоҷувард гардидаанд.

Мавсуф муаллифи 68 китоби банашррасида -58-то ба тоҷикӣ, 10-то ба русӣ ва 40 филми ҳунарӣ  мебошад. Дар маҷмӯъ навиштаҳояш қариб ба чил забони мардуми дунё тарҷумаву чоп шудаанд. Иддае аз нигоштаҳои ӯ ба китобҳои дарсии макотиби олии Русия («Этика ва эстетикаи ҳаёти оилавӣ»), кишварҳои аврупоӣ («Анатомияи садоқату муҳаббати инсонӣ) ва якчанд мамолики Шарқу Тоҷикистон («Эҷод чист? Эҷодгар кист?») ворид шудаанд.

Чанде аз китобҳояш дар нашрияҳои бонуфузи Русия, монанди «Молодая гвардия», «Советский писатель», «Художественная литература», «Госкино», маҷаллаҳои «Студенческий меридиан», «Работница», «Дружба», «Советская литература», «Литературная учёба» ва зиёда аз 30 китоби дастҷамъӣ чоп шудаанд.

                                                                  АКС: АМИТ «Ховар».

Март 23, 2022 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид