ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2022. Варзишгарони тоҷик дар рӯзи дуюми мусобиқа оид ба бокс ғолиб омаданд

Март 4, 2022 14:32

ДУШАНБЕ, 04.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё-2022 оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон, ки дар пойтахти Урдун — шаҳри Аммон идома дорад, 6 муштзани тоҷик ба майдон баромада, 4 нафарашон пирӯз шуданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.

Дар рӯзи дуюми рақобатҳо нахуст аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Меъроҷ Зоидов дар вазни 48 кг ба ринг баромад. Ҳарифи ӯ дар даври якуми мусобиқа намояндаи кишвари Тайланд — Титиват Флонгаурай буд. Дар ин майдондорӣ варзишгари мо бо ҳисоби 5 бар 0 зафар ёфт ва роҳи худро ба марҳилаи навбатии Чемпионати Осиё рушан сохт. Варзишгари дигари мо Асламҷон Қурбонов дар вазни 51 кг дар вохӯрии аввали худ бар муқобили намояндаи Филиппин Ҷон Вайн Гентугао Висер ба ринг баромад. Ба зӯри бозуи Асламҷон Қурбонов ҳарифи филиппиниаш тоб оварда натавонист ва дар охир аз рӯи имтиёзҳои бештар муштзани мо пирӯз гардид. Асламҷон Қурбонов низ муборизаро барои дарёфти медали Чемпионати Осиё миёни наврасону ҷавонон идома медиҳад.

Дар вазни 54 кг Ҷумҳурии Тоҷикистонро Бузургмеҳр Иксанов намояндагӣ кард. Муштзани мо дар вохӯрии аввал дар Чемпионати Осиё бо намояндаи Покистон Афзал Хан қувва санҷид. Дар охир ин варзишгари тоҷик низ бо қарори якдилонаи доварон дастболо шуда, ба марҳилаи навбатӣ баромад.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҳамчунин рақобатҳои даври якуми варзишгарони вазни 57 кг баргузор шуданд. Дар ин вазн Тоҷикистонро Абубакр Муродов намояндагӣ кард. Ӯ бо варзишгари қазоқистонӣ Бахтиёр Анарбоев дидор анҷом дод. Аммо муштзани мо дар ин муҳориба бо нокаути техникӣ дучори бохт шуда, аз идомаи мусобиқа маҳрум гардид. Дар вазни 60 кг Абдураҳим Ёқубов рақобати якуми худро бар муқобили намояндаи Тайланд — Фисит Паочантук анҷом дод. Варзишгари мо дар ин дидор аз аввал то анҷом бартарии зиёд нишон дод. Бо қарори якдилонаи доварон ҳисоб 5 бар 0 ба суди муштзани тоҷик гардид ва ҳамин тариқ Абдураҳим Ёқубов низ ба даври навбатии Чемпионати Осиё роҳхат пайдо кард.

Дар вазни 67 кг муштзани тоҷик Анӯшервон Ақназаров аз варзишгари Ироқ — Каррар Ҳайдер Исмоил Исма мағлуб шуд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.

Хотиррасон мекунем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ва ҷавонон, ки дар шаҳри Аммони Урдун идома дорад, 27 варзишгар муаррифӣ мекунанд.

Рақобатҳои мазкур то 14 март идома меёбанд.

Акс аз манбаъҳои боз

Март 4, 2022 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд