ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. 8 нафар варзишгарони тоҷик миёни ҷавонон ва наврасон ба даври нимфинал роҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 09.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 2 март дар шаҳри Аммони Урдун Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон оғоз гардид, ки то 14 март идома меёбад. Дар чемпионати мазкур аз ҷумҳурии мо 21 варзишгар (11 нафар миёни ҷавонон, 10 нафар миёни наврасон) ба Урдун сафарбар гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар даври чорякфинал, ки 5-7 март баргузор шуд, Анушервон Фозилов (-46кг), Руслан Ғафуров (-57кг), Рустамҷон Ашӯров (-60кг) миёни наврасон, Абдураҳим Ёқубов (-60кг), Нурланбек Эрматов (-75кг) миёни ҷавонон ҳарифонашонро шикаст дода, ба даври нимфинал роҳ ёфтанд.
Се нафари дигар – Акмалҷон Абдувалиев, Юсуф Фозилов ва Ҳангома Исоева дар асоси қуръакашӣ муҳорибаро аз даври нимфинал шурӯъ менамоянд.
Дар даври муқаддамотӣ ва чорякфинал миёни наврасон Меъроҷ Суфиҷонов (-48кг), Дамир Муйбалихонов (-52кг), Ҷаъфар Ҳакимов (-50кг), Усмоншайх Усмонов (-63кг), Аъзам Фозилов (-75кг), Фирӯз Раҷабов (-80кг), миёни ҷавонон Абубакр Муродов (-57кг), Анушервон Ақназаров (-67кг), Меъроҷ Зоидов (-48кг), Асламҷон Қурбонов (-51кг), Бузургмеҳр Иксанов (-54кг), Саддам Давлатов (-63,5кг) ва Парвиз Ахмедов (-92кг) аз ҳарифонашон шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа маҳрум гардиданд.
Муҳорибаҳои нимфинал 8-11 март ба нақша гирифта шудааст. Ҳангома Исоева (-57кг) 8 март, Анушервон Фозилов (-46кг), Руслан Ғафуров (-57кг), Рустамҷон Ашӯров (-60кг) 10 март, Абдураҳим Ёқубов (-60кг), Юсуф Фозилов (-71кг), Нурланбек Эрматов (-75кг), Акмалҷон Абдувалиев (-86кг) 11 март дар даври нимфинал қувваозмоӣ мекунанд.
Муҳорибаҳои финал 13-14 март доир хоҳанд шуд. Дар чемпионат варзишгарон аз 21 давлати қора иштирок доранд.
АКС: КМО Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






