ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Варзишгари тоҷик Анушервон Фозилов ба финали мусобиқа баромад

Март 11, 2022 14:25

ДУШАНБЕ, 11.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 2 март дар шаҳри Аммони Урдун Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон оғоз гардид, ки то 14 март идома меёбад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».

Дар доираи Чемпионати Осиё варзишгари тоҷик Анушервон Фозилов (-46кг) дар даври нимниҳоӣ Камолови қирғизистониро шикаст дода, ба финал баромад. Ӯ дар ҳаштякфинал варзишгари Муғулистон, дар чорякфинал варзишгари Ироқро мағлуб намуда буд.

Варзишгарони дигари тоҷик Рустамҷон Ашуров ва Руслан Ғафуров дар даври ½-ниҳоӣ шикаст хӯрда, сазовори медали биринҷӣ шуданд.

Имрӯз дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон дар кишвари Уммон чор варзишгари тоҷик баромад мекунанд. Муштзанони тоҷик Абдураҳим Ёқубов (-60кг) бо намояндаи Узбекистон Сӯҳроб Аминов, Юсуф Фозилов (-71кг) бо Егор Егоров аз Қазоқистон, Раҳматулло Бойматов (-75кг) бо Нурланбек Эрматови узбек ва Акмалҷон Абдувалиев (-86кг) бо намояндаи Узбекистон Ҷамолиддин Қазоқов вориди майдон мешаванд.

 

АКС: КМО Тоҷикистон

Март 11, 2022 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад