ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ. Натиҷаҳои рӯзи сеюм маълум гардиданд

Март 28, 2022 08:36

ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 март дар доираи Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, ки 25 март дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, се сабқат баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рӯзи сеюм сабқатҳои инфиродӣ миёни мардон, бонувон ва бонувони то 23-сола дар масофаи 24км сурат гирифтанд.

Миёни бонувон ва мардҳо варзишгарони Қазоқистон Рината Султонова ва Евгений Федоров ғалаба карданд. Миёни бонувони то 23-сола бошад, намояндаи Узбекистон Янина Кускова пирӯз шуд.

Дар рӯзи сеюм варзишгари тоҷик Раҳимҷон Аминов миёни мардҳо дар масофаи 24км ширкат карда, бо натиҷаи 40:23.320 (миёни 11 иштирокчӣ) ҷои ёздаҳумро гирифт.

Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ 

Натиҷаҳои рӯзи сеюм

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, бонувони то 23-сола, 24км

  1. Янина Кускова (Узбекистон), 34:08.064
  2. Бота Батирбекова (Қазоқистон), 36:40.339
  3. Сафия Ал Саиғ (АМА), 37:02.743

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, бонувон, 24км

  1. Рината Султонова (Қазоқистон), 33:24.632
  2. Делиа Приатна (Индонезия), 33:59.275
  3. Солонго Тсеренлхам (Муғулистон), 35:04.082

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, мардҳо, 24км

  1. Евгений Федоров (Қазоқистон), 28:45.197
  2. Нариюки Масуда (Ҷопон), 29:36.745
  3. Муродҷон Холмуродов (Узбекистон), 29:58.291

28 март

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, U-23 (130км)

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, ҷавонон (111км)

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, ҷавонон (61км)

29 март

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо (175км)

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо (111км)

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, U-23 (111км)

30 март

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ (111км)

 

АКСҲО: КМО Тоҷикистон

Март 28, 2022 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад