ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ. Ғолибон ва ҷоизадорони рӯзи панҷум муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 март дар Душанбе дар рӯзи панҷуми Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ се сабқат баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бонувон ва духтарони ҷавони то 23-сола дар масофаи 111км ва мардҳо дар масофаи 174км сабқат карданд.
Миёни бонувони ҷавони то 23-сола варзишгари Қазоқистон Акпеиил Оссим, миёни бонувон варзишгари Ветнам Зи Зат Нгуйен ва миёни мардҳо Игор Чжан аз Қазоқистон ғалаба карданд.
Дар рӯзи панҷум миёни бонувон се варзишгари тоҷик Аннасултон Аманова, Файзихон Суфиева, Мутриба Абдуҷалилова, миёни мардҳо чор варзишгари мо – Умедҷон Кузиев, Раҳимҷон Аминов, Ҷовидон Кузиев ва Андрей Булаев иштирок карданд.
Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ
Натиҷаҳои рӯзи панҷум
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, ҷавондухтарони то 23-сола, 111км
- Акпеиил Оссим (Қазоқистон), 3:11:37
- Светлана Пачшенко (Қазоқистон), 3:11:37
- Янина Кускова (Узбекистон), 3:11:37
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, бонувон, 111км
- Зи Зат Нгуйен (Ветнам), 3:11:37
- Махаббат Умутжанова (Қазоқистон), 3:11:37
- Анжелина Соловёва (Қазоқистон), 3:11:37
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, 174км
- Игор Чжан (Қазоқистон), 4:26:40
- Нарийуки Масуда (Ҷопон), 4:26:40
- Ҷамбалҷамтс Саинбайар (Муғулистон), 4:26:40
Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, ки бори аввал дар Тоҷикистон баргузор мешавад, 30 март бо мусобиқаи инфиродии умумӣ миёни дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ дар масофаи 111км анҷом меёбад.
АКСҲО: КМО Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд











CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






