Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» мушкилоти ҷаҳонии обу иқлим баррасӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 80 фоиз моеъи партовҳои дар натиҷаи фаъолияти инсон ҳосилшуда бидуни ягон коркард ба дарё ё баҳрҳо партофта мешавад, ки ин ба ифлосшавии об оварда мерасонад. Тибқи маълумоти СММ, зиёда аз 40%-и аҳолии ҷаҳон аз норасоии об азият кашида, афзоиши он аз эҳтимол дур нест. Бемориҳои марбут ба набудани оби тоза ва беҳдошт ҳанўз ҳам яке аз маъмултарин омилҳои фавт миёни кўдакони то 5-сола боқӣ мондаанд.
Тибқи маълумоти СММ, ҳамарўза бештар аз 800 нафар кўдак аз бемориҳое вафот мекунанд, ки аз сабаби шароити пасти беҳдошт ба вуҷуд меоянд. Сатҳи кофии таъминоти об ва беҳдошт дар ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла, барои тарзи ҳаёти солим ва баробарии гендерӣ нақши муҳим дорад. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола зиёда аз 2 млн одам, бахусус кӯдакон дар саросари олам бар асари сифати пасти шароити беҳдошт ва набудани захираҳои об мефавтанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори ҳалли масоили об тавонистааст таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба масъалаи истифодаи мақсадноки об дар роҳи расидан ба рушди устувор ҷалб намояд. Пешниҳоди ташаббуси чаҳоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаи об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018 – 2028 бозгўи он аст, ки мамлакати мо ба об на ҳамчун манбаи ҳаёт, балки ҳамчун омили рушди устувор назар менамояд.
Тафсилоти бештар вобаста ба масъалаи мушкилоти норасоии об ва нақши ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли масоили обу иқлим имрӯз соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии “Сарват”–и радиои “Ховар” бо иштироки коршиноси масоили экологии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Асоев дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»