Дар Маҷлиси намояндагон санад оид ба ворид намудани иловаҳо ба Созишнома дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон баррасӣ шуд

Март 28, 2022 11:38

ДУШАНБЕ,  28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода иброз дошт, ки Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 10 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Бо дарназардошти он ки солҳои охир шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар менамоянд, афзоиш ёфтааст ва бинобар сабаби кам будани муҳлати бақайдгирӣ онҳо баъзан ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд, аз ин лиҳоз Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 ба имзо расонида шуд, ки тибқи он ба бандҳои 3 ва 4 илова ворид карда шуд. Аз ҷумла ба банди 3 илова шудааст, ки “шаҳрвандони давлати яке аз Тарафҳо, ки ба қаламрави давлати Тарафи дигар ворид мешаванд, аз уҳдадории бақайдгирӣ ва қайди муваққатӣ дар мақомоти салоҳиятдори давлати Тарафи иқомат ба муҳлати  10 (даҳ) рӯзи корӣ аз лаҳзаи гузаштани сарҳади давлатии давлати Тарафи қабулкунанда озод мешаванд”.

Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 ба моддаи 57-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 10, 11 ва 12-и  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мухолифат надорад.

 

АКС: МН МО ҶТ/АМИТ «Ховар»

Март 28, 2022 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд