Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тантанаҳои наврӯзӣ идома доранд
ДУШАНБЕ, 19.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз чанд қисми низомии мустақар дар шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, фарорасии Наврӯзи Аҷамро ба афсарону сарбозон табрик гуфт. Дар ин бора корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи таҷлили иди Наврӯз дар тамоми муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои идона доир гардида, қишри ниёзманди ҷомеа ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешавад. Ҳамзамон дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ аёдат гардида, барои хизматчиёни ҳарбӣ дастурхони наврӯзӣ ороста мешавад.
«Наврӯзи имсола дар кишвари мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон таҷлил гардида, ба боз ҳам бештар тақвият пазируфтани ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду ягонагӣ мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз сокинони вилоятро зарур аст, ки таҳти раҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву бунёдкориро барои истиқболи арзандаи ин ҷашни воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз вусъат бахшанд, иҷрои нияту нақшаҳои созандаро таъмин намуда, шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дар маҷмӯъ, кишвари азизамонро боз ҳам обод созанд»,-иброз намуд Раҷаббой Аҳмадзода.
Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои афсарону сарбозон дастархони наврӯзӣ густарда шуда, ба қисмҳои ҳарбӣ маводи ғизоӣ, аз ҷумла гӯшт, орду равған ва дигар маводи зарурӣ дастрас гардид.
Аёдати афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ ва дигар чорабиниҳои наврӯзӣ дар ҳудуди вилоят идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки барномаҳои асосии наврӯзӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 21 март гузаронида мешаванд.
АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд











Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид






