Дар Тоҷикистон аввалин Мактаби сармоягузории венчурӣ ба фаъолият шурӯъ намуд
ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин Мактаби сармоягузории венчурӣ ба фаъолият оғоз намуд. Ташаббуси мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд роҳандозӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Маросими кушодашавии аввалин Мактаби сармоягузории венчурӣ бо иштироки роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони шарикони рушд ва бахши хусусӣ баргузор гардид.
Таъкид гардид, ки дар доираи ташаббуси мазкур сармоягузорони дохилию хориҷӣ ба сармоягузорӣ намудани стартап-лоиҳаҳо дар Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд.
Ҷалби бештари сармоягузорони венчурӣ имкон медиҳад, ки шумораи бештари стартап-лоиҳаҳо маблағгузорӣ карда шаванд ва ба ҳамин васила рушди соҳибкории хурд дар кишвар боз ҳам афзоиш ёбад.


Соҳибкории хурду миёна дар аксари кишварҳои дунё маҳаки асосии рушди ҷомеа буда, ҳиссаи он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД), шуғли аҳолӣ ва ташаккули буҷет зиёда аз нисфро ташкил медиҳад. Он дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ низ нақши муҳим дорад. Бинобар ин, дар стратегияю барномаҳои рушди иқтисодии кишварҳо ба ин самт диққати хосса дода шуда, барои таъмини пешрафти он шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо роҳи қабули қонунҳои ба талаботи шароити нави давлатдорию хоҷагидорӣ ҷавобгӯ, пайваста гузаронидани ислоҳот, мутобиқ намудани иқтисодиёти кишвар ба фаъолият дар шароити бозорӣ рушди бемайлони иқтисоди миллӣ таъмин карда шуд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 иброз намуданд, Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст.
Сармоягузориҳои венчурӣ — ин сармоягузорӣ ба стартап-лоиҳаҳое мебошад, ки дурнамои муваффақияти онҳо ҳанӯз маълум нест. Яъне, сармоягузор омода аст, ки лоиҳаи ҳанӯз дар марҳилаи аввал қарордоштаро маблағгузорӣ намояд.
Фарқи асосии байни чунин сармоягузорӣ ва анъанавӣ аз иқтидори лоиҳа вобастагӣ дорад. Дар аксари ҳолатҳо чунин стартапҳо ба тиҷоратҳои бузург табдил меёбанд.
Чунин ташабусҳо далели онанд, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон стартап ва соҳибкории хурд дар ҳоли рушд қарор дошта, ғояҳои хуби тиҷоратӣ ба бозор ворид шуда истодаанд ва аллакай онҳо метавонанд дар марҳилаи ниҳоии худ диққати сармоягузоронро ҷалб намоянд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»













Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






