Дар Вена «Шарҳи вазъи назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021» муаррифӣ гардид

Март 16, 2022 08:26

ДУШАНБЕ, 16.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 март дар доираи сафари Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ба шаҳри Вена чорабинии канорӣ оид ба муаррифии маҷаллаи Шарҳи вазъи назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 тариқи маҷозӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар  чорабинии мазкур роҳбарон ва ҳайатҳои воломақоми кишварҳои аъзои СММ, ташкилоти байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.

Таваҷҷуҳи иштирокдорон ба мавзӯъҳои тамоюлҳои асосии вазъи мухаддиротӣ дар кишвар ва минтақа, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ дар самти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар мамлакат, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ, гузаронидани амалиёти муштараки зиддимухаддиротӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкории байналмилалӣ, амалисозии барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои зиддимухаддиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуд.

Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва масъулини Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ иштирок ва суханронӣ намуда, масъалаи таҳияи барномаҳо ва лоиҳаҳои зиддимухаддиротии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткориро дар Тоҷикистон ва татбиқи онро хуб арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин иштирокдорони чорабинӣ ба талошҳои мақомоти ваколатдори Тоҷикистон, ки новобаста аз вазъи мураккаби минтақа дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар амалӣ карда мешавад, баҳои баланд доданд.

Дар фарҷом Ҳабибулло Воҳидзода бо назардошти таҳдиду хатарҳои аз Афғонистон бармеомада, аз ҷумла қочоқи рӯзафзуни маводи нашъаовар, силоҳ, кирдорҳои террористию экстремистӣ, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз кишварҳои маблағгузор ва созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал овард, ки ҷиҳати таҳким бахшидани сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ба мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакҳои молиявӣ ва моддӣ-техникӣ расонанд.

Дар ҷамъбаст иштирокдорон бо саволҳо муроҷиат намуда, аз ҷониби директори Агентӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ

Март 16, 2022 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид