Фаворис Музрапов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар толор рекорди Тоҷикистонро нав кард

Март 20, 2022 11:36

ДУШАНБЕ, 20.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Даванди тоҷик Фаворис Музрапов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар толор, ки дар шаҳри Белгради Сербия ҷараён дорад, дар масофаи 60 метр рекорди Тоҷикистонро нав кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ӯ, ки ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин чемпионат аст, ин масофаро дар 6.83 сония давида, миёни 50 иштирокчӣ ҷои 37-умро ишғол намуд. Се ҷои аввалро Ламонт Марсел Якобс аз Италия (6.41) ва варзишгарони ШМА Кристиан Колеман (6.41), Марвин Бресӣ (6.44) гирифтанд.

Ба иттилои сармураббии дастаи мунтахаби варзиши сабуки кишвар Ғайрат Неъматов, Фаворис чанде пеш дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ масофаи 60 метрро бо натиҷаи 6.85 сония давида, рекорд гузошта буд ва инак дар Чемпионати ҷаҳон натиҷааш боз беҳтар шуд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар толор дар Белрад 18-уми март оғоз гардида буд ва имрӯз – 20 март анҷом меёбад.

 

АКС: КМО Тоҷикистон

Март 20, 2022 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт