ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бозии дуюми санҷиширо дар Туркия мусовӣ анҷом дод

Март 28, 2022 16:10

ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи   Тоҷикистон оид ба футбол   дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия бозии дуюми санҷиширо бо дастаи  мунтахаби олимпии то 23-солаи  Урдун бо ҳисоби 0:0 анҷом дод, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар ин бозӣ ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон   бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев гурӯҳи калони бозингаронро озмоиш кард. Аз ин пеш футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии санҷишӣ дар Анталия аз ҳамсолонашон аз Того бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буданд.

Дар доираи ҷамъомади таълмиву тамринӣ дар Анталияи Туркия дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон  як бозии дигари санҷишӣ баргузор мекунад. Футболбозони ҷавони тоҷик 29  март ба муқобили дастаи  мунтахаби олимпии Кувайт   бозӣ мекунанд.

Зимнан,  дастаи  мунтахаби олимпии то 23-солаи Кувайт 26 март бозии санҷиширо ба дастаи  миллии Афғонистон бо ҳисоби 0:3 бохта буд.

Ёдовар мешавем, ки  дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон  дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1  то 19  июни соли равон дар Узбекистон баргузор мешавад, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (3 июн), Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) бозӣ менамояд.

Бозиҳои санҷишӣ

Тоҷикистон (U-23) – Того (U-23) – 0:1

Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Далер Азизов, Муҳаммадҷон Насков, Алишер Баротов, Парвиз Боқиев, Ҷонибек Шарипов, Далер Ёдгоров, Сорбон Авғонов, Ҳамадонӣ Камолов, Шуҳрат Элмуродов, Шарифбек Раҳматов, Нуриддин Ҳамроқулов.

Тоҷикистон (U-23) – Урдун (U-23) – 0:0

Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Аҳлиддин Ҳабибуллоев, Муҳаммадҷон Насков, Алишер Баротов, Ҳусейн Нурматов (Парвиз Боқиев, 46), Шоҳрух Сангов (Икромҷон Исмоилов, 79), Умарҷон Шарипов (Ҳамадонӣ Камолов, 46), Хуршед Абдуллоев (Сорбон Авғонов, 46), Саидмухтор Азимов (Шарифбек Раҳматов, 70), Шарафҷон Солеҳов (Фирдавс Алиназаров, 59), Суннатулло Исмоилов (Далер Ёдгоров, 59), Тоҳир Малодӯстов (Нуриддин Ҳамроқулов, 46).

26 март. Сиде, Туркия. Маҷмааи варзишии «Арслон Зекӣ Демирчӣ».

29 март (сешанбе)

Тоҷикистон (U-23) – Кувайт (U-23)

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 28, 2022 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад